Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интерпол ҷустӯҷуи тоҷири ӯзбекро бас кард


Номи тоҷири маъруфи ӯзбек Ғафур Раҳимов аз рӯйхати афроди таҳти пайгарди Интерпол бардошта шуд. Аммо мақомоти ИМА ҳамоно ӯро меҷӯянд. Вай дар соли 2012 дар рӯйхати афроди таҳришудаи ИМА шомил шуд. Раҳимов дар узвият ба гуруҳи ҷиноӣ айбдор мешавад.

"Ғафур Раҳимов, ки чеҳраи калидии гуруҳи ҷиноятии "Доираи бародарон" аст, ҳамзамон яке аз роҳбарони олами ҷиноии Ӯзбекистон низ ҳаст. Ин гуруҳ маводи мухаддир истеҳсол мекунад", - хабар медиҳанд мақомоти ИМА.

Мақомоти ИМА мегӯянд, Ғафуров ҳамзамон ду шиносномаи Ӯзбекистонро бо ду ному насаби мухталиф дорад. Вай ҳоло дар Дубай ба сар мебарад.

Ҳоло дақиқ нест, ки оё мақомоти қудратии Ӯзбекистон Ғафур Раҳимовро дар пайгард қарор додаанд ё на.

XS
SM
MD
LG