Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавсими нави даъват ба артиши Тоҷикистон оғоз шуд


Дар Тоҷикистон мавсими нави даъват ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ шурӯъ шуд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон фармон додааст, сарбозоне, ки мӯҳлати муқарраршудаи хидмати ҳарбиро то моҳҳои октябр ва ё ноябри имсол ба поён расондаанд, рухсат дода шаванд. Бар асоси ин фармон ба ҷойи онҳо ҷавонони аз 18 то 27 сола, ки ҳаққи ба таъхир андохтани хидмати ҳарбиро надоранд, ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҷалб карда шаванд. Фармони раиси ҷумҳурро расонаҳои давлатӣ нашр карданд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин амр додааст, ки раисони шаҳру ноҳияҳо якҷо бо коммисариатҳои низомӣ “даъвати муташаккилонаи шаҳрвандон ба хидмати ҳарбиро” ба роҳ монанд. Дар Тоҷикистон масъалаи даъват ба артиш, масъалаи ба истилоҳ ҷанҷолӣ аст, чун теъдоде аз ҷавонон аз хидмат дар сафи артиш худдорӣ мекунанд. Бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ва озори сарбозон яке аз омилҳои парҳези ҷавонон аз хидмат дар сафи артиши Тоҷикистон дониста мешавад. Ҳар сол ҳодисаҳои марги сарбозон дар артиш ва ба ҷавобгарӣ кашидани афсарон барои бадрафторӣ сабт мешавад.

XS
SM
MD
LG