Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти СММ барои паноҳандагон ва муҳоҷирон


Рӯзи 19 сентябр Созмони Милали Муттаҳид бо ҳадафи ҳалли масъалаи теъдоди бузурги паноҳандагон ва муҳоҷирон нишаст баргузор мекунад. Бо теъдоди рӯзафзӯни паноҳандагон, ки аз замони Ҷанги Дуюуми Ҷаҳонӣ назир надоштааст, қарор аст сарони кишварҳои ҷаҳон эъломияеро барои ҳамоҳангӣ дар байни 198 кишвари узв дар заминаи ҳимоят аз ҳуқуқи паноҳандагону муҳоҷирон тасвиб кунанд.

http://refugeesmigrants.un.org/summit

Аммо Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ин эъломияро ҳамчун як санаде, ки салоҳияти ҳуқуқӣ надорад ва наметавонад ҳамчун вокуниши зарурии ҷаҳон ба бӯҳрони муҳоҷират баррасӣ шавад, рад карданд. Интизор меравад, ки пешрафти ҷиддитар дар нишасти баъдӣ, ки бо даъвати президент Обама рӯзи 20 сентябр баргузор мешавад, ба даст биёяд. Дар нишасти оянда 40 кишвар кӯмаки худро дар шакли қабули паноҳандагони бештар ва ё таъмини дастрасии онҳо бо ҷойи кор ва таълим пешниҳод хоҳанд кард.

Ҳоло беш аз 65 миллион инсон бо фирор аз ҷангу даргириҳо, ба мисли низоъи Сурия дар саросари дунё саргардон ҳастанд. 8 кишвар - Туркия, Покистон, Лубнон, Эрон, Эфиопия, Урдун, Кения, ва Уганда беш аз нисфи паноҳандагони тамоми ҷаҳонро қабул кардаанд.

XS
SM
MD
LG