Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзиёев муддаии курсии президенти Узбакистон шуд


Раҳбари муваққати Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар интихоботи раёсати ҷумҳури ин кишвар, ки моҳи декабр баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард. Дар ин бора рӯзи 16 сентябр Комиссияи марказии интихоботи ин кишвар хабар додааст. Мирзиёев аз довталабони аслии курсии раёсати ҷумҳур барои панҷ соли оянда арзёбӣ мешавад.

Ӯ рӯзи 8 сентябр, ҳудудан 5 рӯз баъд аз марги Ислом Каримов, президенти худкомаи Узбакистон, раҳбари муваққат интихоб шуд. Комиссияи марказии интихоботи Узбакистон мегӯяд, ки Шавкат Мирзиёев аз ҷониби Ҳизби Либерал-Демократ, бузургтарин ҳизби кишвар ба ин мақом номзад шудааст.

Ниҳоди интихобот ҳамчунин эълон кард, ки номзади дигар Сарвар Отамуродов аз тарафи Ҳизби Эҳёи Миллӣ пешбарӣ шудааст. Эҳёи Миллӣ яке аз панҷ ҳизби ҳукуматгаро аст, ки дар порлумони доимо якранги Узбакистон ҷой дорад. То ҳол ягон интихоботи Узбакистон аз ҷониби нозирони байналмилалӣ озод ва одилона арзёбӣ нашудааст Ҳукумати Узбакистон рӯзи 28 август аз маризии Ислом Каримов хабар дод ва рӯзи 2 сентябр хабари магашро пахш кард.

XS
SM
MD
LG