Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия роҳи ҳавопаймоҳои Туркманистонро баст


Ширкати Росавиатсия хизматрасонии ширкати ҳавопаймоии Туркманистон («Туркменховаеллари»)-ро дар ҳарими ҳавоии Русия ба далели қарзи зиёд қатъ кард. Росавиатсияи Русия мегӯяд, давоми соли 2016 ширкати ҳавоии Туркманистон борҳо кафолат додааст, ки қарзашро пардохт хоҳад кард, вале ба ваъдааш вафо накардааст.

Дар ҳоли ҳозир ҳаҷми умумии қарз ба 220 ҳазор доллар расидааст. Росавиатсия мегӯяд, баъди ҳал шудани ин мушкил хизматрасониро дубора ба роҳ хоҳад монд. Ширкати «Туркменховаеллари» тавассути ҳарими ҳавоии Русия аз Ишқобод ба Маскав ва Санкт-Петербург парвоз мекунад ва инчунин парвозҳои транзитро ба Минск, Бирменгем ва Лондон анҷом медиҳад.

XS
SM
MD
LG