Пайвандҳои дастрасӣ

Нашри "Мусиқии сулҳ"-и Бердимуҳаммадов


Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов шашумин китобашро дар соли ҷорӣ навиштааст. Вай ин китобро ахиран дар ҷаласаи ҳукуматӣ муаррифӣ кардааст. Ин китоб зери номи "Мусиқии сулҳ, мусиқии дӯстӣ ва бародарӣ" нашр ва ба яке аз мусиқисозони туркман - Шукур бахшида шудааст.

Ба гуфтаи президент, "Шукур нафаре буд, ки талош мекард, ҳатто мушкилтарин масъалаҳо бо роҳи сулҳ ҳал шаванд". Президент дастур додааст, ки китобаш то ҷаласаи куҳансолони Туркманистон, ки қарор аст, 14 сентябр баргузор шавад, нашр гардад.

Ёдрас мешавем, ин шашумин китоби Қурбонгулӣ аст, ки дар соли ҷорӣ нашр мешавад. Вай пештар дар бораи суханҳои ҳикматнок, дар бораи чой, аспҳои ахалтека, дар бораи санъати қолифобӣ ва дар бораи растаниҳои шифоии Туркманистон китоб навишта буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG