Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси медали Акбари Саттор ва "Овози тоҷик"


Акбари Саттор
Акбари Саттор

Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон медали ба номи “Акбари Саттор” ва “Овози тоҷик”-ро таъсис додааст. Зиннатулло Исмоилзода, раиси Иттиҳоди журналистон, рӯзи 13-уми сентябр бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ, гуфт, ки ин медалҳо барои рушди матбуот ва беҳтар кардани маҳорати касбии рӯзноманигорон дар кишвар таъсис дода шуданд. Масъулони Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон гутфанд, дар рӯи медали “Акбари Саттор” акси раҳбари собиқи Иттиҳоди журналистон мунъакис шудааст. Акбари Саттор тайи даҳ соли охир ин иттиҳодияро роҳбарӣ мекард. Ӯ моҳи августи соли гузашта дар синни 50 даргузашт.

Медали “Овози тоҷик” ба муносибати нашрияи маъруфи “Овози тоҷик”, яке аз нашрияҳои нахустин ба забони тоҷикӣ дар Бухоро таъсис шудааст. Ин медал барои маҳорати касбии журналистон дода мешавад. Дар Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон гуфтанд, ки боз як медали дигар бо номи “100-солагии матубот” таъсис дода шудааст ва он ба афроде дода мешавад, ки дар таъсиси нашрияҳо, ҷалби рӯзноманигорон ва ташкили чопхонаҳо саҳм гирифтаанд. Ҳоло Иттиҳоди журналистон талош дорад, ба ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ мақоми давлатӣ дода шавад ва эътибору арзиши он боло бурда шавад.

XS
SM
MD
LG