Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти ҳазорон нафар дар Эрон алайҳи Арабистони Саудӣ


Ҳазорон нафар пас аз намози ҷумъа дар шаҳрҳои мухталифи Эрон алайҳи Арабистони Саудӣ даст ба тазоҳурот заданд ва дар остонаи маросими ҳаҷҷ алайҳи раҳбарони он кишвар шиорҳои сар доданд. Зоирони эронӣ бинобар танишҳо миёни Теҳрон ва Риёз бар сари масоили минтақавӣ, дар маросими ҳаҷҷи имсола иштирок намекунанд.

Тибқи гузоришҳо, эътирозгарон дар Теҳрон овезаҳо дар даст доштанд, ки дар яке аз онҳо Малик Салмон, подшоҳи Арабистони Саудӣ шамшери хунолуд ба даст дошт ё сари вай бо парчами Амрико пӯшонида шуда буд. Эътирозгарон дар Теҳрон ҳамчунон шиор медоданд, ки "Марг бар Оли Саъуди хоин" ва "Марг бар Оли Халифа" ва гурӯҳе аз тазоҳургарон либоси эҳром ё ҳамонро либосеро, ки зоирони Каъба мепӯшанд, ба тан доштанд.

Дар баёнияи ниҳоии тазоҳуркунандагон дар Теҳрон ишора шуд, ки чунин раҳпаймоиҳо дар эътироз ба Арабистони Саудӣ дар 850 нуқтаи Эрон баргузор шудааст.

Танишҳо миёни Теҳрон ва Риёз моҳи январи соли ҷорӣ пас аз он боло гирифт, ки Арабистони Саудӣ як рӯҳонии барҷастаи шиа бо номи Шайх Намир Боқирро ба иттиҳоми терроризм, эъдом кард. Пас аз ин ҳодиса даҳҳо эътирозгар ба сафорат ва консулгарии Арабистон дар Теҳрон ва Машҳад ҳамла карданд ва онҳоро ба оташ кашиданд. Ин ҳодиса сабаби қатъи робитаҳои дипломатӣ ва оғози ҷанги лафзӣ миёни ду кишвар шуд.

XS
SM
MD
LG