Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми шодбоши Керрӣ ба мардуми Тоҷикистон


Ҷон Керрӣ
Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ, вазири корҳои хориҷии Амрико, аз номи Барак Обама – раиси ҷумҳури ин кишвар мардуми Тоҷикистонро ба ҷашни 25-солагии истиқлолият табрик гуфтааст. Керрӣ рӯзи 9-уми сентябр бо нашри изҳороти расмӣ гуфт, Иёлоти Муттаҳида аз ҷумлаи кишварҳои нахустине буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро эътироф карда, аз соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии кишвар ҳимоят кардааст. Вазири корҳои хориҷии Амрико аз сафари моҳи ноябри соли гузаштааш ба Душанбе ёдовар шуда, гуфтааст, дар ҷараёни ин сафар дар бораи ҳамкориҳои Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон дар бахши амният, энержӣ ва иқтисод таъкид шуда буд. Керрӣ гуфтааст, умед дорад, ки рафоқати Амрикову Тоҷикистон дар оянда бештар шуда, ҳамкориҳои ба нафъи сокинони ду кишвар идома пайдо хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG