Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил роҳиби "кӯдакозор"-ро ба Русия таслим кард


Исроил як кашиш ё рӯҳонии Ортодокси русро, ки ба кӯдакозорӣ ва ё зӯроварии шаҳвонӣ ба ноболиғон муттаҳам мешавад, ба Додситонии кулли Русия таслим кардааст. Сухангӯи додситонӣ рӯзи 7-уми сентябр гуфт, ки парвандаи ҷиноӣ алайҳи Глеб Грозовскийро гурӯҳи махсуси муфаттишони Санкт-Петербург баррасӣ мекунанд. Грозовский ба дастдарозӣ ба домани чанд кӯдаки то 14-сола дар урдугоҳи Ортодокси ҷазираи Коневетси минтақаи Ленинград, тобистони соли 2011 муттҳам мешавад. Ӯ он замон роҳиби калисои Тсарское Село, воқеъ дар канораҳои Санкт-Петербург буд. Муфаттишон мегӯянд, ки Грозовский айни чунин ҳаракатҳоро дар урдугоҳи кӯдаконаи Ортодокс дар Юнон низ анҷом додааст. Русия ин роҳибро моҳи октябри соли 2013 мавриди пайгарди байналмилалӣ қарор дод. Грозовский ба мақомоти Исроил гуфтааст, ӯро ба Исроил фиристода буданд, аммо Усқуфи Гатчино гуфтааст, ки рисолати Грозовский бинобар таҳти тафтиш қарор гирифтанаш қатъ шуд.

XS
SM
MD
LG