Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия: Таҳримҳо ба гуфтушинид кумак намекунанд


Владимир Путин ва Барак Обама
Владимир Путин ва Барак Обама

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремлин, рӯзи 7-уми сентябр гуфт, ки густариши таҳримҳо ба эҳтимоли гуфтушунид дар мавзӯъҳои ҳассос, ки раҳбарону Русия ва Амрико баҳс кардаанд, созгор нест. Аввали ҳафтаи равон Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва ҳамтои амрикоияш Барак Обама дар ҳошияи нишасти кишварҳои пешрафтаи саноатӣ дар Чин бо ҳам мулоқот ва мавзӯи сурияву Украинаро баррасӣ карданд. Рӯзи 1-уми сентябр Иёлоти Муттаҳида марҳилаи нави таҳримҳоро алайҳи Русия эълон кард, ки 37 нафарро аз ширкатҳои дахил дар таҷовузи Украина ҳадаф қарор медиҳанд. Дмитрий Песков гуфт, Русия баъди таҳлили таҳримҳо ба он посух хоҳад дод. Песков пештар таҳримҳоро роҳи сарбастае номид, ки ба гуфтаи ӯ ба ҳалли масъалаҳои муҳим мусоидат намекунад.

XS
SM
MD
LG