Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Бишкек даъвои зидди Отамбоевро рад кард


Додгоҳи шаҳри Бишкек даъвои ҳифзи шарафу номус ва эътибори кории ҳомиёни ҳуқуқ Азиза Абдурасулова ва Толиқон Исмоиловаро зидди президент Алмосбек Отамбоев рад кард. Ин қарор рӯзи 7-уми сентябр содир шудааст. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ки ният доранд аз болои қарори мазкур ба Додгоҳи олии Қирғизистон шикоят баранд.

Азиза Абдурасулова, раиси созмони ҳуқуқи инсони "Килим шами" талаб дорад, ки раиси ҷумҳури Қирғизистон аз онҳо расман узр пурсида ва 10 миллион сом (муодили 1 миллион сомонӣ) ҷуброни зарари маънавӣ пардозад.

Азиза Абдурасулова ва Толиқон Исмоилова моҳи майи имсол дар ҷаласаи созмони иҷтимоии "Порлумони мардумӣ" иштирок карданд, ки раҳбаронаш бо айби омодагӣ ба ғасби ҳукумат боздошт шуданд. Дар пайи ин, президенти Қирғизистон рӯзи 14-уми май зимни чорабинии бахшида ба Рӯзи модар гуфт, аъзои "Порлумони мардумӣ" мехоҳанд, бо ҳар қимате кишварро ноором кунанд ва ҳомиёни ҳуқуқ "ҳалолхӯрони грантҳои хориҷӣ" ҳастанд.

Ин ду ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, ки раиси ҷумҳури Қирғизистон дар ҳаққи онҳо ҳарфи беасос гуфтааст ва бояд узр пурсида ва ҷуброни зарари маънавӣ пардозад. Аммо рӯзи 16-уми июни соли равон Додгоҳи ноҳияи Первомайи Бишкек низ даъвои ҳомиёни ҳуқуқро зидди Алмосбек Отамбоев рад карда буд.

XS
SM
MD
LG