Дар мусобиқот оид ба қирғиз куроши, ки аз рӯи барномаи Бозиҳои II ҷаҳонии кӯчиҳо рӯзи 6-уми сентябр баргузор шуд, гуштигири тоҷик Саиднабӣ Камолов дар вазни то 74 кило мақоми дувумро касб кард ва бо медали нуқра сарфароз гашт. Вай дар қувваозмоии ниҳоӣ аз намояндаи Қирғизистон Тариел Усенов шикаст хӯрд.
Паҳлавони дигари тоҷик Хуршед Шарифов дар вазни то 96 кило барои ҷойи севум бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Дар ин вазн Нурбек Кожобекови қирғиз дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Сунгат Закирёеви қазоқ пирӯзӣ ба даст оварда, барандаи медали тилло гардид.
Зимнан, дар ин намуд гуштигирони Қирғизистон дар ҳамаи ҳафт вазн ғолиб шуданд. Дар мусобиқот оид ба қирғиз куроши 96 варзишгар аз 26 кишвар ширкат дошт.
Ёдовар мешавем, Ҳамроз Раҷабов, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқот оид ба казах куреши дар вазни то 80 кило аз рӯи барномаи Бозиҳои II ҷаҳонии кӯчиҳо медали биринҷӣ ба даст оварда буд.
Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии чор рӯзи мусобиқот мунтахаби Тоҷикистон бо як медали нуқра ва ду нишони биринҷӣ дар байни 64 даста дар ҷойи 13-ум қарор дорад. Умуман, то ҳоло варзишгарони 19 кишвар медалҳои бозиҳоро ба даст овардаанд. Намояндагони ҳашт кишвар барандагони медалҳои тило гардидаанд.
Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Қирғизистон бо касби 33 медал (11-тило, 8-нуқра ва 14-биринҷӣ) дар ҷойи аввал аст. Русия бо 24 медал (10-7-7) дар ҷойи дувум ва Қазоқистон бо 18 медал (5-6-7) дар ҷойи севум мебошанд.
Ба даҳгонаи беҳтарин, инчунин Озарбойҷон (4-4-6), Гурҷистон (2-1-0), Эрон (2-0-4), Муғулистон (1-0-5), Туркманистон (1-0-5), Узбакистон (0-2-4) ва Арманистон (0-2-1) дохиланд.
Бозиҳои II ҷаҳонии кӯчиҳо, ки 3 сентябр дар шаҳри Чолпон-Отаи вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон оғоз ёфтанд, рӯзи 8 сентябр ба анҷом мерасанд.
Дар ин бозиҳо ҳудуди 1000 варзишгар аз 56 кишвари ҷаҳон, инчунин 8 минтақаи Русия, ширкат дорад. Ба барномаи бозиҳо 16 намуди варзиш (қувваозмоиҳои якҳарба, пойга ва рақобатҳои асптозӣ, мусобиқоти камонварӣ), инчунин намоиши намудҳои мухталифи паррандаҳои шикорӣ дохил аст.
Дар Бозиҳои II ҷаҳонии кӯчиҳо 37 варзишгар аз Тоҷикистон дар мусобиқот оид ба ҳашт намуд (алиш, гореш, гюлеш, казахша куреш, қирғиз курош, пойгаи асптозӣ, мас-рестлинг ё кашидани чӯбдаста) ширкат меварзанд.
Худо рахмат кунад ин чавонро ба оилаашон сабр баьдан оилаи хамаамон масалаи беназоратиро намепурсему дастгири хам намекнём. Чомеа хам бепарвоги мекунад масалан ягон кори нохуби фарзандхоро мибинем мегуем хай бачаи касе бошад мушкилии мо не да. Омузгорхо ку тамоман дар фикри барои директори мактаба пул чамкуни директори мактаб дар фикри пулчамкунии барои маориф ки мабодо аз вазифааш нагиранд. Маориф бошад пулро ки гирифт дигар ба мактабу рохбараш кор намегирад хар кас хост маьлиму маьлима мешавад. Барои омузгор шидан маьлумоти омузгори хондан даркор психолог будан даркор ки хамин хел вокеахои дахшатоваро пешгири кардан зарур аст. Дар масалаи ВКД хам шахсони тасодуфро ба кор мегиранд. Холо дар мактабхо мухофиз аз макомоти ВКД таин шудаги кадом вакте ман мактаб равам фарзандхоямро хабаргири милисаи мактаби мо дар даруни сахни мактаб мошинрони мекунад йо мошинашро соз карда мешинад холо он ки милиса вазифадор мебошад ки пурсад ки кучо ва пеши ки мерави. Ба наздики ба беморхонаи нохияи Рудаки рафтам милиса бачои дар даромадгохи беморхона истад ман уро дар ошйонаи сеюм ба тамошои телевизор дидам. Максади ман хамин ки хар кадоми мо ба корамон ахамияти чидди бидихем минбаьд чунин вокеахо нашаванд чи омузгори чи милиса ва чи чомеа.
Ватанамонро бояд чавонмардон ҳимоя кунанд бузхо гурехта пинҳон шаванд
Бо он аҳвол ӯ на дар назди тафтишот ҷавоб дода метавонад, на дар назди суд” Дар Тоҷикистони мо назди тафтишот ва суд мӯйсафеди 87 сола,ки як пояш лаби гур қарор дошт ҷавоб дод,наход як ҷавони ҳафт кас медидаги ҷавоб гуфта натавонад. Ё мусафеди 87 сола ҷавонмардтар буд да.
Рухаш шод! Барои саньати Точик хидмат карданд!
Короче, рафтан даркор аз инчо бародарон, рафтан даркор. Ягон бехбуди, пешрави, акалан адолати суди нест дар инчо. Худованд рохамонро кушояд. Омин