Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар задухӯрдҳои Кашмир даҳҳо нафар захмӣ шуданд


Дар пайи даргирии нерӯҳои ҳукумати Ҳиндустон ва тазоҳургарон дар минтақаи Кашмири таҳти назари Ҳиндустон даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд. Сарбозони нерӯҳои амниятии ин кишвар алайҳи ҳазорҳо тазоҳургар, ки бинои ҳукуматро дар ноҳияи Чопиён оташ заданд, гази ашковар ва тири сочмаро ба кор бурданд. Даргирӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки раҳбарони асосии ҷудоихоҳони Кашмир аз мулоқот бо гурӯҳи намояндагони мардумии Ҳиндустон даст кашиданд. Ин гурӯҳ аз Деҳлии Нав дар чаҳорчӯби талошҳои нахуствазири Ҳиндустон Нарендра Моди барои ба эътидол овардани вазъият дар ин минтақаи ноором ба Кашмир сафар кард. Раҳбарони ҷудоихоҳон дар як изҳороти муштарак талаб карданд, ки Ҳиндустон ба масъалаҳои аслии ҳаққи мардум ба худмухтории Ҷамму-Кашмир расидагӣ кунад. Аз моҳи июл, баъди кушта шудани яке аз раҳбарони ҷудоихоҳони Кашмир, эътирозҳои густарда бо даҳҳо ҳазор нафар алайҳи ҳукумати Ҳиндустон дар ин минтақа ҷараён гирифтанд. Дар ҷараёни задухӯрдҳо бо нерӯҳои ҳукуматӣ ба камияш 70 шаҳрванди мулкӣ кушта ва ҳазорҳо нафар захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG