Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Қазоқистон 21 ҷангии исломиро боздошт кард

Infographic - Kazakhstan Aqtobe - Locator

Қазоқистон мегӯяд, ки гурӯҳи ҷангиёни исломиро дар қисмати ғарбии ин кишвар боздошт кардааст. Кумитаи Амниятии Миллии Қазоқистон рӯзи 31 август гуфт, ки мақомот 10 гумонбарро дар ғарби кишвар ва 11 гумонбари дигарро дар минтақаи шимолуғарби Оқтеппа (Актюбе) боздошт карданд. Ба гуфтаи ин ниҳод гумонбарҳо баъди он боздошт шуданд, ки мақомот дар манзили онҳо силоҳ, маводи тарканда ва лавозимоти ҳарбии дигарро ошкор карданд. Ниҳоди амниятӣ гуфтааст, ки боздоштшудаҳо мехостанд силсилаи амалҳои террористиро дар маконҳои серодами ду минтақа анҷом диҳанд. Моҳи июни соли ҷорӣ 25 нафар, ки мақомот аз онҳо ҷангиёни исломӣ ном мебуранд, як силсила ҳамлаҳоро анҷом доданд, ки панҷ шаҳрванди мулкӣ ва се корманди ҳифзи тартиботро дар Оқтеппа кушта баҷо гузошт. Нерӯҳи амниятии Қазоқистон, ки ба ин гурӯҳ муқовимат мекарданд, 18 танҳи онҳро маҳв ва 7 нафари дигарро зинда боздошт карданд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, роҳи муолиҷаи СОVID-ро ёфтанд, вале...

Олимқодир Бейшеналиев, маҳлули решаи аконитро ба хабарнигоро нишон дод ва каме нӯшид.

Мақомоти баландпояи Қирғизистон барои тарғиби истифодаи маҳлули як рустании заҳрнок барои муолиҷаи бемории COVID-19 зери танқид монданд. Вазири тандурустӣ Олимқодир Бейшеналиев рӯзи 16-уми апрел дар як нишасти хабарӣ гуфт, маҳлули решаи аконитро, ки дар ин кишвар месабзад ба 300 гирифтори COVID-19 додаанд ва худаш ҳам дар пеши чашми хабарнигорон миқдоре аз он маҳлулро нӯшид.

Ӯ гуфт, ки ин маҳлул “ба сиҳатии инсон зарар надорад.” Вазири тандурустии Қирғизистон гуфт: “Ин маҳлулро бояд гарм ва ду се рӯз бинӯшед ва касе коронавирус гирифта бошад, худро беҳтар ҳис мекунад.”

Рӯзе пештар аз вазир, раиси ҷумҳур Содир Ҷабборов дар Фейсбук эълон кард, ки кишвараш усули “босамар”-и муолиҷаи COVID-19-ро ёфтааст. Ӯ ҳамчунин бо нашри видеое гуфт, ки нӯшидани маҳлули сарди решаи аконит метавонад, инсонро бикушад.

Дафтари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ пешниҳоди мақомоти Қирғизистонро сахт танқид кард ва гуфт, ҳеч далеле нест, ки нишон бидиҳад, маҳлули решаи аконит, ки гулҳои кабуд дорад, давои ҳаргуна дарде, аз ҷумла коронавирус бошад. Баъзе аз табибони қирғиз ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки тарғиби истифода аз решаи аконит бар хилофи қонунҳо дар бораи саломатии омма дар Қирғизистон аст.

Аконит дар Аврупову Осиё, аз ҷумла дар вилояти Шинҷони Чин ва баъзе аз қисматҳои Қирғизистону Қазоқистон месабзад. Баъзе аз мардум бо ин бовар, ки решааш шифобахш аст, онро чой мекунанд ва ё дар хӯрокашон меандозанд, аммо дар асл решаи аконит заҳрогин буда, сабаби беморӣ ва ё ҳатто марги инсон мешавад.

Раул Кастро аз мақомаш истеъфо дод

Раул Кастрои 89-сола дигар яке аз раҳбарони аввали Куба нахоҳад буд.

Раул Кастро аз мақоми раиси Ҳизби коммунистии Куба истеъфо дод ва тасмимаш ба ин маъност, ки пас аз соли 1959 дигар яке аз мақомҳои баландпоя дар ҳукумати Куба нахоҳад буд. Бародари ӯ Фидел Кастро соли 1959 ҳукумати Кубаро сарнагун кард ва ҳарду аз он замон раҳбарони аввали кишвар буданд.

Раул Кастрои 89-сола рӯзи 16-уми апрел ҳангоми суханронӣ дар оғози анҷумани 8-уми Ҳизби коммунистии Куба дар бораи истеъфояш хабар дод. Ӯ гуфт, азбаски “маъмурияташро анҷом додааст”, бознишаста мешавад. Айни замон ӯ гуфт: “То замоне зинда ҳастам, барои муҳофизати ватан, инқилоб ва сотсиализм бо нерӯи бештар аз ҳар вақт ба по меистам.”

Раул Кастро нагуфт, ки вориси ӯ мешавад, аммо дар гузашта, аз Мигел Диаз Канел, ҳимоят кардааст, ки ба соли 2018 ба ҷойи ӯ раиси ҷумҳур шуд. Фидел Кастро соли 1959 пешвои инқилобе буд, ки диктатори кишвар Фулгенсио Батистаро сарнагун кард. Ӯ соли 1965 раиси Ҳизби коммунистии Куба шуд ва соли 2008 мудирияти кишвар ва мақоми президентро ба бародараш Раул Кастро дод.

Амрико амалкарди Русияро мояи таассуф номид

Сергей Лавров ҳангоми сафар ба Қазоқистон дар рӯзи 8-уми апрел.

Вазорати умури хориҷии Амрико қарори Русия барои аз қаламраваш рондани 10 дипломати амрикоиро “мояи таассуф ва ташаннуҷангез” номид. Сухангӯи вазорат рӯзи 16-уми апрел дар як номаи электронӣ ба расонаҳои Амрико гуфтааст, шиддат гирифтани авзоъ “ба нафъи мо нест, вале Иёлоти Муттаҳида ҳаққи посух додан ба ҳаргуна ниқор аз тарафи Русияро нигаҳ медорад.”

Аз ин пештар Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, кишвараш дар посух ба ихроҷи 10 дипломати рус аз Амрико, айни корро бо 10 дипломати амрикоӣ дар Русия мекунад. Ҳукумати Ҷо Байден Русияро ба дахолат дар интихоботи кишвар, ҳамлаҳои кибернетикӣ муттаҳам кард ва дипломатҳои русро аз Вашингтон ронд.

Баъди ин Русия ҳам гуфт, ки айни корро мекунад. Қарори Ҷо Байден дар бораи ихроҷи дипломатҳои рус ва эъмоли таҳрим ба чанде аз мақомоти баландпояи Русия рӯзи 15-уми апрел қабул шуд.

Байден гуфт, амалкарди Эрон ба эҳёи созиши атомӣ кумак намекунад

Таъсисоти атомии Натанз, акси моҳвораӣ аз рӯзи 7-уми апрели соли 2021.

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки қарори Эрон барои ғанисозии ураниуми 60 дар садӣ барои эҳёи созиши атомӣ бо ин кишвар кумак намекунад. Айни замон ӯ гуфт, “хушнуд” аст, ки Эрон ҳамчунон дар музокироти ғайримустақим бо Амрико барои бозгашт ба ин созиши соли 2015 ширкат дорад.

Дар бораи ин масъала аз Ҷо Байден дар нишасти хабарии муштараки ӯ бо Йошиҳиде Суга, нахуствазири Ҷопон рӯзи 16-уми апрел пурсиданд. Дар посух ба ин суол, ки оё амалкарди Эрон аломати ҷиддӣ набудани кишвар барои бозгашт ба иҷрои созиши атомӣ нест, Ҷо Байден гуфт: “Ба назари ман, аз ҳоло қазоват кардан дар бораи натиҷа барвақт аст, вале мо ҳоло ҳам гуфтугу дорем.”

Ҳукумати Эрон аввали ҳамин ҳафта гуфт, ки ба ғанисозии ураниуми 60 дар садӣ оғоз кардааст, ки дар сурати хостан, метавон онро ба ураниуми 90 дар садии лозим барои бомби атомӣ табдил дод. Эрон то кунун, ин корро накарда буд ва гуфт, ки ғанисозии ураниуми 60 дар садӣ посух ба ҳамлаи эҳтимолии кибернетикӣ ба таъсисоти атомии Натанз аст, ки Эрон онро кори дасти Исроил медонад.

Бар асоси созиши соли 2015, Эрон аҳд додааст, ки фақат ураниуми 3.67 дар садӣ ҳосил мекунад, вале чанде пеш гуфт, азбаски созиш баъди берун шудани Амрико аз он эътибори пешинаашро надорад, кишвар ба истеҳсоли ураниуми 20 дар садӣ оғоз кардааст.

Ҷо Байден аз қарор дар бораи меъёри қабули муҳоҷирон даст кашид

Ҳануз маълум нест, ки бар асоси барномаи Ҷо Байден, Амрико дар як сол бояд чӣ қадар паноҳҷӯро бипазирад.

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, аз қароре даст кашид, ки қабули паноҳҷӯён ба кишварро мисли аҳди раиси ҷумҳури собиқ Доналд Трамп дар поинтарин сатҳ нигаҳ медошт. Бар асоси амре, ки ӯ рӯзи 16-уми апрел имзо кард, бояд Амрико дар як сол фақат 15 ҳазор паноҳҷӯро ба қаламраваш роҳ медод, аммо баъди танқидҳо аз ӯ Кохи Сафед гуфт, ки дар ин масъала баъзе нофаҳмӣ шудааст.

Ҷен Псаки, сухангӯи Кохи Сафед бо нашри як баёния гуфт, дар изҳороти аввалия дар бораи қарор “баъзе нофаҳмиҳо будааст” ва интизор меравад, Ҷо Байден меъёри қабули паноҳҷӯёнро то рӯзи 15-уми май боло барад. Ӯ дар бораи ин меъёр чизе нагуфт. Айни замон дар баёния омадааст, ки ҳадафи Ҷо Байден “барои қабули 62500 муҳоҷир” то моҳи октябр ғолибан иҷро шуданӣ нест ва сабаби онро барномаи қабулкарда дар замони Доналд Трамп номидаанд.

Раиси ҷумҳури феълии Амрико зери фишори зиёди сиёсӣ қарор гирифтааст, чун муҳоҷирони зиёде аз марзи Мексика ба Амрико ворид мешаванд. Ҷумҳурихоҳон мегӯянд, сабаби мавҷи вуруди муҳоҷирон аз сиёсати сахтгиронаи Доналд Трамп даст кашидани Ҷо Байден аст.

Amnesty International аз Русия хост, 17 муҳоҷири эътирозгари тоҷикро ихроҷ накунад

Тазоҳурот ба ҳимоят аз Иззат Амон рӯзи 2-юми апрел дар Маскав баргузор шуд

Созмони Афви Байналмилал (Amnesty International) рӯзи 16-уми апрел аз мақомоти Русия хост, ки дастикам 17 муҳоҷири эътирозгари тоҷикро ихроҷ ё "депортатсия" накунанд.

Ба қавли масъулони созмон, ин афрод дар ҷараёни як тазоҳуроти сулҳомез алайҳи интиқоли Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, аз Русия ба Тоҷикистон дастгир шудаанд. Тазоҳурот рӯзи 2-юми апрел дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав баргузор шуд.

Бино ба гузориши Афви Байналмилал, баъзе аз муҳоҷирони дастгиршуда гуфтаанд, ки аз дипломатҳои тоҷик таҳдид шуниданд.

Масъулони сафорат дар Маскав ҳанӯз ба ин масъала вокуниш накарданд. Қаблан дар сафорати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, "азбаски муҳоҷирон бидуни иҷоза дар назди намояндагии дипломатии кишвар ҷамъ омаданд, пулиси Русия онҳоро дастгир кард".

Афви Байналмилал аз қавли муҳоҷирони дастгиршуда навишт, "мақомот ба хонаводаашон дар Тоҷикистон фишор меоранд ва аз онҳо талаб мекунанд, ки тазоҳуроти Маскав ва Иззат Амонро маҳкум кунанд".

"Ба онҳо гуфта шудааст, дар сурати иҷро накардани ин талабҳо, дар Тоҷикистон ба ҷиноятҳои марбут ба терроризм муттаҳам хоҳанд шуд", -- омадааст дар баёнияи Афви Байналмилал.

Мейзи Вейхердинг, пажуҳишгари умури Осиёи Марказӣ дар созмони Amnesty International, рӯзи 16-уми апрел гуфт, "мақомоти Тоҷикистон барои тарсондани шаҳрвандони худ дар хориҷа пайваста "шантаж" ва таҳдидро ба кор мебаранд. Дар ҳоли ҳозир ин як "тактика"-и шинос ва ҳамзамон ғамангез аст. Мунтақидонро дар хориҷа бо саломатии наздикон, истифода аз зӯр нисбат ба кӯдакону волидони пирашон ва боздошти онҳо метарсонанд."

Иззат Амон аз соли 2009 дар Русия кору зиндагӣ мекард ва шаҳрвандии Русияро дошт. Вай рӯзи 25-уми март дар Маскав "нопадид" ва пас аз ду рӯз дар Душанбе "ёфт" шуд.

Дар Русия ӯро ба вайрон кардани қоидаҳои будубош айбдор донистанд. Дар Тоҷикистон ба қаллобӣ муттаҳам аст. Аммо нигаронии Amnesty International аз он аст, ки ӯ аз тарафи маъмурони полиси Русия "рабуда" ва дар ҷараёни як амалиёт ба мақомоти Тоҷикистон супурда шудааст.

"Мақомоти Русия солҳост, ки дар бозгардондани маҷбурии одамон ба Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ шариканд. Ҷое, ки ба онҳо хавфи шиканҷа ва бадрафторӣ таҳдид мекунад. Мақомоти Русия бешармона ба ин кор идома медиҳанд", -- гуфт Мейзи Вейхердинг.

Ба муҳоҷироне, ки ҳузурашон дар Русия ғайриқонунист, то 15 июн муҳлат доданд

Александр Горовой, муовини вазири умури дохилии Русия

Муовини вазири корҳои дохилии Русия аз намояндагони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) хост, масъалаи будубоши ғайриқонунии муҳоҷиронашонро дар ин кившар "ҳал кунанд".

Александр Горовой рӯзи 16-уми апрел, ҳангоми суханронӣ дар як ҷаласаи байнипорлумонии кишварҳои ИДМ, гуфт:

"Бисёре аз шаҳрвандони Шумо дар хоки кишвари мо ғайриқонунӣ ба сар мебаранд. Агар мувофиқи қарори президент ин шумораро то 15-уми июн кам накунем, онҳо бо муҷозот, ихроҷ аз сарҳад, рӯ ба рӯ мешаванд. Мо мехоҳем, бо ёрии матбуот дар кишварҳои худ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронед."

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, дар ин кишвар

  • 332 ҳазор шаҳрванди Узбекистон
  • 247 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон
  • 152 ҳазор шаҳрванди Украина
  • 120 ҳазор шаҳрванди Озарбойҷон
  • беш аз 115 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон
  • 61 ҳазор шаҳрванди Арманистон
  • 49 ҳазор шаҳрванди Қазоқистон

ба таври ғайриқонунӣ ба сар мебаранд.

Ин даъват дар ҳоле садо дод, ки рӯзи 14-уми апрел Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон низ ба муҳоҷироне, ки ҳузурашон дар Русия ғайриқонунист, муроҷиат кард.

Масъулони вазорат аз шаҳрвандон хостаанд, то 15-уми июни имсол ба шуъбаҳои ноҳиявии идораи муҳоҷират дар Русия ҳозир шуда, будубоши худро қонунӣ гардонанд.

"Дар сурати огоҳ накардани мақомоти Русия аз мавқеи худ, - омадааст дар муроҷиати вазорат, - ин шахс ба таври автоматӣ ба феҳристи шахсоне ворид мешавад, ки ҳузураш дар Русия манъ мебошад".

Барои суол ва пурсиш дар ин замина шаҳрвандон метавонанд, ба намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар шаҳрҳои зерини Русия муроҷиат кунанд:
Маскав: +7(495)9679844, +7(926)4626201, +7(903)5971213, +7(926)8769049, +7(910)4436335, +7(977)4888964, +7(967)2710202;
Санкт-Петербург: +7 (964) 373 75 01;
Екатеринбург: +7 (982) 739 8998;
Новосибирск: +7(965)3586161;
Уфа: +7 (915) 4883223;
Краснодар: +7(929)540 88 88;
Хабаровск: +7 (909)809 5548;
Астрахан: +7(977)2720001.

Сафири ИМА: Байден дар сӯҳбат бо Путин аз заҳролудкунии Навалний нигаронӣ кард

Акси сохташуда. Аз чап президенти ИМА Ҷо Байден ва аз рост президенти Русия Владимир Путин

Сафири ИМА дар Маскав дар як изҳороташ аз рӯзи 16-уми апрел гуфт, дар сӯҳбати ахираш бо президенти Русия Владимир Путин раиси ҷумҳурии ИМА Ҷо Байден аз мавзӯи сӯиқасд ба ҷони сиёсатмадори мухолифи ҳукумат Алексей Навалний ёдовар шудааст. Сафири ИМА дар Маскав Ҷон Салливан дар ҳоле аз ин ҷузъиёт хабар дод, ки дар изҳороти қаблии мақомоти Русия ва ИМА дар бораи ёдовар шудани мавзӯи Навалний хабаре набуд. Дар оғози тобистон Вашингтон таҳримҳои зидди Русияро барои заҳролуд кардани сиёсатмадори оппозитсионӣ афзоиш медиҳад. Ҷузъиёти сӯҳбатҳои ду президент дар бораи Навалний нашр намешавад, танҳо гуфта шудааст, ки “президент Байден аз амалҳои бадхоҳонаи Русия, аз ҷумла истифодаи силоҳи кимиёӣ ба ҳангоми заҳролудкунии Навалний ҷиддан изҳори нигаронӣ кардааст”.

Байден ва Путин рӯзи 13-уми апрел телефонӣ ҳамсӯҳбат шуданд ва Кремл гуфт, ки ин сӯҳбат бо ташаббуси Кохи Сафед барпо шуд. Байден баъдан гуфт, ки дар сӯҳбат бо раҳбари Русия “бисёр ошкор” буд ва ҳушдор дод, ки дар сурати идомаи мудохилаи Русия ба демократияи амрикоӣ, ба иқдомҳои баъдӣ омода мешавад.

ИМА ва Ҷопон созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд

Йошиҳиде Суга, нахуствазири Ҷопон 14 сентябри соли 2020 раҳбари Ҳизби либерал-демократии Ҷопон ва ду рӯз баъдаш нахуствазири Ҷопон шуд

Президенти ИМА Ҷо Байден ва нахуствазири Ҷопон Йошиҳиде Суга рӯзи 16-уми апрел дар Вашингтон созишномаи ҳамкориро имзо карданд, ки ба унвони тақвияти эътилофи амниятии миёни ду кишвар ва ҷабҳаи муттаҳидаи онҳо дар Тайван арзёбӣ мешавад. Вазорати хориҷаи Ҷопон гуфт, дар муқобили нуфузи афзояндаи иқтисодиву низомии Чин, Суга умедвор аст, ин иттиҳод талошҳои байналмилалии дифоъ аз арзишҳои демократиро ба намоиш мегузорад.

Пеш аз тарки Токио кардан, Суга дар сӯҳбат бо журналистон гуфт, ки умедвор аст бо Байден равобити боэътимод эҷод мешавад ва ин чиз барои тақвияти эътилофи пойбанд ба арзишҳои мисли озодӣ, демократӣ, ҳуқуқи башар ва ҳукумати қонун мусоидат мекунад. Ӯ гуфт, ӯву Байден ба бахши дигари ҷаҳон нишон медиҳанд, ки ба самти минтақаи озоду бози Ҳинду Уқёнуси Ором майл доранд.

Баъди эътирозҳо дар Покистон шабакаҳои иҷтимоиро муваққатан бастанд

15-уми апрел, Лоҳур. Таҷаммӯи тарафдорони раҳбари боздоштшудаи ҳизби "Таҳрики Лаббайки Покистон"

Баъди чанд рӯзи эътирозҳои хушунатомези тарафдорони ҳизби ифротии исломӣ, мақомоти покистонӣ муваққатан чанд шабакаи иҷтимоиро масдуд карданд. Вазорати дохилӣ рӯзи 16-уми апрел ба мақомоти мухобироти Покистон амр доданд, ки дастрасӣ ба шабакаҳои Twitter, Facebook, WhatsApp, YouTube ва Telegram аз соати 11 то 15-и вақти маҳаллӣ масдуд шавад. Дар матни қарори мақомот сабаби мушаххаси чунин амр гуфта нашудааст, вале оҷонсии Reuters бо такя ба мақомоти мухобироти Покистон гуфт, ин иқдом ба хотири таъмини “тартибу амнияти ҷамъиятӣ” гирифта мешавад.

Дар ҳафтаи ҷорӣ баъди ҳабси раҳбари ҳизби “Таҳрики Лаббайки Покистон” ҳазорҳо тарафдорони он бо ходимони полис даргир шуданд. Онҳо, ки зидди нашри карикатураҳои Муҳаммад пайғамбар дар Фаронса баромад мекарданд, талаб намуданд, ки сафири Фаронса аз Исломобод хориҷ карда шавад. Рӯзи 15-уми апрел дар эътирозҳои зидди Фаронса дар Покистон панҷ нафар, аз ҷумла ду ходими полис кушта шуданд. Сафорати Фаронса аз шаҳрвандонаш хост, ки хоки Покистонро тарк кунанд.

Рӯзе аз ин пеш ҳукумати Покистон ҳушдор дод, ки бар асоси қонуни зидди терроризм ҳизби “Таҳрики Лаббайки Покистон”-ро мебандад.

Ҳамлагари мусаллаҳ дар Индианаи ИМА 8 нафарро кушт

Намоишгоҳи силоҳ дар шаҳри Индианаполиси аёлати Индиана. Акс аз соли 2014

Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ки як марди мусаллаҳ дар шаҳри Индианаполиси аёлати Индиана ба сӯи мардум тир кушода, ҳашт нафарро ба ҳалокат расонид ва чанд нафари дигарро маҷрӯҳ кард. Ҳодиса шабонгоҳи 16 апрел дар назди идораи FedEx-и воқеъ дар наздикии фурудгоҳи байналмилалии Индианаполис рух дод. Полис гуфт, ҳамлагар дар ниҳоят худкушӣ кард. Дар миёни дастикам чор бистаришуда бо ҷароҳатҳо ҳолати як нафарашон сангин арзёбӣ мешавад. Феълан ҳуввияти ҳамлагар маълум нест. Ҳамчунин маълум нест, ки сабаби даст ба чунин кор задани ӯ чӣ аст.

Президент Ҷо Байден ваъда додааст, ки бар зидди хушунат бо истифода аз силоҳ мубориза мебарад, чун дар ИМА ҳодисаҳои кушторҳои ҷамъие, ки аз ҷониби афроди ҷудогона дар маконҳои ҷамъиятии мисли мактабу фурӯшгоҳҳо рух медиҳад, зиёд мебошад.

Мавзӯи фурӯши озоди силоҳ дар ИМА ҷомеаро ду тақсим кардааст, ки баробар бо мухолифони фурӯши он, тарафдоронаш ҳам кам нест ва онҳо мегӯянд, ҳақи доштани силоҳ бар асоси конститутсияи кишвар иҷоза дода шудааст.

Як ширкати азими Кореяи Ҷанубӣ ба истеҳсоли Sputnik V шурӯъ мекунад

Кореяи Ҷанубӣ. Саг аз назари хатари олудагӣ ба COVID-19 санҷида мешавад

Як ширкати Кореяи Ҷанубӣ гуфт, ки раҳбарии барномаи истеҳсоли моҳонаи 100 миллион воя (доза) воксинаи русии навъи Sputnik V-ро шурӯъ мекунад. Ширкати Huons Global рӯзи 16-уми апрел гуфт, ки ин ширкат ва шариконаш моҳи август ба истеҳсоли намунаҳои воксинаи русӣ мепардозанд ва ин воксина, ки бо дархости Фонди сармояҳои мустақими Русия ба истеҳсол гузошта мешавад, барои таъмин кардани кишварҳои хориҷӣ равона хоҳад шуд. Се ширкате, ки дар Корея бо истеҳсоли воксинаи русӣ машғул мешаванд, қарор аст ин корро дар заминаи корхонаи наве ба роҳ монанд, ки бояд сохта шавад.

Ин хабар рӯзе баъди он нашр шуд, ки сафири Эрон дар Маскав гуфт, Теҳрон бо Русия дар заминаи таъмини 60 миллион дона воксинаи Sputnik V барои пешгирӣ аз олудашавӣ ба COVID-19 созише имзо кардааст. Козим Ҷалолӣ ба оҷонсии давлатии ИРНА гуфт, бар асоси ин созиш 30 миллион нафар пурра эм карда мешавад.

Сафири Ҳинд дар Маскав инчунин дар як изҳороташ гуфт, ки қарор аст то охири моҳи апрел таъмини ин кишвар бо воксинаҳои русӣ шурӯъ мешавад.

Радиои Озодӣ ҳукумати Русияро ба Додгоҳи Аврупо кашид

Қароргоҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар Прага

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ба Додгоҳи Аврупо дар умури ҳуқуқи инсон шикоят бурд.

Радио аз Додгоҳи Аврупо хостааст, барои таъйини муҳлат ё моратория дар иҷрои қарорҳои додгоҳии Русия, ки Радиои Озодиро барои иҷро накардани қонуни маъруф ба "агенти хориҷӣ" чораҷӯӣ кунад.

Мақомоти Русия нисбат ба Радиои Озодӣ ва мудири кулли он Андрей Шароградский дар Русия садҳо санади қонунвайронкунии маъмурӣ тартиб додаанд. Ин санадҳо марбут ба қонуни Русия дар бораи "агентҳои хориҷӣ" ҳастанд. Додгоҳ Радиои Озодиро барои вайрон кардани ин қонун ҷарима бастааст.

Дар муроҷиати Радиои Озодӣ унвонии Додгоҳи Аврупо омадааст, ки амалкарди мақомоти Русия ҳуқуқи одамонро ба озодии баён ва озодии ақида маҳдуд мекунад, ки аз сӯи Конвенсияи аврупоии ҳуқуқи инсон кафолат дода шудааст. Аз Додгоҳи Аврупо дархост шудааст, ки дар робита ба ҷаримаҳои ҳангуфти додгоҳҳои Русия чораҷӯӣ кунад, дар сурати ғайр радио ва мудири он мумкин аст, ҷарима шаванд.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш Ҷейми Флай, президенти Радиои Озодӣ/ Радиои Аврупо Озод, талошҳои афзояндаи Русия барои берун кардани Радиои Озодӣ ва шабакаи маъруфи "Current Time" аз он кишварро маҳкум кард.

Дар изҳороти оқои Флай, ки рӯзи 8-уми апрел нашр шуд, гуфт мешавад, "Радиои Озодӣ ба он хотир аз сӯи мақомоти Русия ҳадаф қарор гирифтааст, ки Кремл дар пайи маҳдуд кардани дастрасии мардум ба иттилоъ аст ва мо ахбору маълумоти воқеиро дар ихтиёри онҳо қарор медиҳем. Мо ба муқовимат дар баробари ин ҳамлаҳо бо тавоноии худ барои фаъолият дар Русия аз ҳама роҳҳои мумкин идома хоҳем дод. Мо ба ин бовар ҳастем, ки мардуми Русия интихоб ё гузинаҳои бештаре мехоҳанд".

Ин изҳороти оқои Флай дар ҳоле садо медиҳад, ки Радиои Озодӣ огоҳ шудааст, "Роскомнадзор" -- ниҳоди танзимкунандаи фаъолияти расонаҳои Русия, Радиои Озодиро боз 130 ҳолати дигари вайрон кардани талаботи қонун муттаҳам мекунад. "Роскомнадзор" то ба ҳол Радиои Озодиро барои 390 ҳолати вайрон кардани талаботи қонун "дар бораи агентҳои хориҷӣ" қариб 1 миллион доллар ҷарима бастааст.

Дар сурати иттиҳомоти нав, маҷмуи "қонуншиканиҳо"-и Радиои Озодӣ ба гуфтаи мақомоти Русия, ба 520 иттиҳом мерасад ва маблағи ҷаримаи пешбинишуда ба 2,3 миллион доллар хоҳад расид. Сарпечӣ аз иҷрои ин талабот ҷарима ва эҳтимоли бастани сомонаҳои "Садои Амрико", Радиои Озодӣ ва тарҳҳои дигари Радиои Озодиро дар Русия ба дунбол дорад.

Дар панҷ соли гузашта шумораи корбарони Радиои Озодӣ дар Русия ду баробар афзоиш ёфтааст. Нуфузи РАО/РО дар ҳоли афзоиш аст: дар маҷмуъ дар ду моҳи соли 2021 ба сомонаи русии Радиои Озодӣ бештар аз 32 миллион корбар сар задааст. Наворҳои видеоии "Current Time" -- як тарҳи Радиои Озодӣ, байни октябри соли 2019 ва сентябри 2020 беш аз 1,5 миллиард бор дида шудаанд.

Бино ба талаби "Роскомнадзор", тарҳҳои Радиои Озодӣ дар Русия бояд дар ибтидои ҳама гуна барномаҳои аудиоӣ порчаи 15-дақиқаии садоиро дар бораи агенти хориҷӣ будани радио нашр кунанд. Ҳамчунин бояд дар барномаҳои видеоӣ навиштаи агенти хориҷӣ ҷо дода шавад. Ҳамзамон бояд дар маҳсулоти матнӣ, ҳам дар сомона ва ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ, сарфи назар аз ҳаҷми матн, навиштаи агенти хориҷӣ нашр шавад.

Рӯзи 6-уми апрел Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, дар робита ба фишори мақомоти Русия, ки ба пешгирӣ аз фаъолияти Радиои Аврупои Озодӣ/Радиои Озодӣ равона шудааст, изҳори нигаронӣ кард.

Блинкен рӯзи 6-уми апрел бо иҷрокунандаи вазифаи раиси Оҷонси Суханпарокании Байналмилалии Амрико (USAGM) Келу Чао мулоқот кард. Дар ин мулоқот аҳамияти расонаҳои мустақил дар ҳифз ва густариши усулҳои демократия баррасӣ шуд.

Моҳи гузашта гуруҳи сенаторҳои ИМА аз Ҳизби демократ ва ҷумҳурихоҳ Кремлро барои "ҳамлаи давлатӣ ба озодии расонаҳо" маҳкум карданд. Сенаторҳо дар изҳороти муштараки худ гуфтаанд, қонуни мазкур барои хомӯш кардани Радиои Озодӣ ва дигар тарҳҳои РАО/РО истифода мешавад.

Зеленский бо раҳбарони Фаронса ва Олмон мавзӯи Русияро машварат мекунад

Киев, 15-уми апрели соли 2021. Президенти Украина Владимир Зеленский

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел ба нишони пуштибонӣ аз Киев дар заминаи нигарониҳо аз таҷаммӯи нирӯҳо дар марзи Украина ва нимҷазираи Қрим рӯзи 16-уми апрел бо раиси ҷумҳурии Украина Владимир Зеленский дидору гуфтугӯ мекунанд. Дафтари раёсатҷумҳурии Фаронса гуфт, Макрон бо Зеленский дар ҷараёни хӯроки нисфирӯзӣ дар Париж мулоқот карда баъди ин тавассути конфронси видеоӣ бо Меркел сӯҳбат хоҳанд кард. Дар ин изҳорот аз рӯзи 15-уми апрел омадааст, ки истиқлолияти Украина таҳти хатар аст ва «тамоми кори мо бо ҳадафи пешгирӣ аз тавсеа ва кам кардани танишҳо равона шудааст”. Зеленский гуфт, ки мушовараҳо дар Париж барои омода шудан ба музокироти чаҳорчӯбаи Нормандия бо иштироки раҳбарони Украина, Русия, Фаронса ва Олмон мусоидат мекунад. Ин кишварҳо аз соли 2015 ба ин сӯ ба унвони миёнҷиҳо дар ин низоъ иштирок мекунанд.

Медиазона: "Як тоҷикистониро аз Маскав рабуда, ба Душанбе бурданд"

Пулиси Русия. Акс аз бойгонӣ.

"Афроди ношиносе Қиём Гулови 30-соларо аз хонаи иҷорааш дар Маскав рабуда, ба Тоҷикистон бурдаанд. Гуловро дар Тоҷикистон ба кумаки молӣ ба террористон гумонбар медонанд", -- навиштааст сомонаи "Медиазона". Ба иттилои расона, "ин сокини Тоҷикистонро 1-уми апрел рабудаанд."

Шоҳидони ҳодиса гуфтанд, Гулов баъд аз 1-уми апрел ба кор набаромад ва соҳиби манзили иҷораи вай гуфт, афроде, ки ба суроғи Гулов омада буданд, шаҳодатномаи корманди ВКД-и Русияро нишон доданд.

Баъди панҷ рӯзи "гум" шудани Гулов кормандони пулиси шаҳри Душанбе ба падари вай занг зада, хабар доданд, ки писараш дар боздошт аст.

Қиём Гулов соли 2016 ба Маскав барои кор рафтааст. Пайванди вай хабар доданд, ки соли 2017 Қиём ҷавонеро дар манзилаш ҷо кардааст, ки мебоист, барои таҳсил ба Арабистони Саудӣ мерафт.

"Мақомоти Русия он ҷавонро дар роҳ ба сӯи фурудгоҳ боздошт ва ба Тоҷикистон фиристоданд. Ҷавони ирсолшударо дар Тоҷикистон дар тундгароӣ ва терроризм айбдор ва дар телефонаш аксҳои Қиёмро ёфтанд. Ба ҳамин ин тартиб, Гулов барои мақомоти Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо террористон гумонбар шуд", -- менависад нашрия.

Гуловро соли 2017 дар Русия боздошт ва ба ҳабс гирифтанд. Қиём Гулов дар маҷмуъ бештар аз ду сол дар ҳабсу дар маркази нигаҳдории шаҳрвандони хориҷӣ нигаҳ дошта шуд.

Вакилони мудофеи Қиём Гулов мегӯянд, мақомоти Тоҷикистон ӯро бо моддаи "Зархаридӣ, омӯзиш, сармоягузории зархаридон" айбдор мекунанд. Ин модда аз 5 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Баҳром Ҳамроев, вакили мудофеи Гулов, мегӯяд, дар моҳҳои феврал ва марти соли ҷорӣ 200 тоҷикистониеро аз Русия ба Тоҷикистон овардаанд, ки дар терроризм ва экстремизм айбдор мешаванд.

Иддае аз занони Бишкек бо ғасби як идораи давлатӣ ва таҳдиди худсӯзӣ талаби қатъи қарздиҳӣ карданд

Гуруҳе аз занони Қирғизистон бинои идораи як деҳкадаро дар наздикии шаҳри Бишкек ғасб ва таҳдиди худсӯзӣ карданд. Онҳо дар зарфҳо бо худ бензин оварданд.

Занҳо талаб карданд, ки дар Қирғизистон қарздиҳӣ қатъ шавад. Бисёре аз ин занҳо аз бонк қарздор буда, дар баргардонии қарзи бонкҳо оҷиз мондаанд.

Инҷо занҳо аз ҳафт вилояти кишвар ҷамъ шудаанд. Мо рӯймолҳои сафедро аз сар гирифта, бо нишони мусибат рӯймоли сиёҳ пӯшидем. Зеро мардуми мо дар азоб аст", - гуфт яке аз занҳои ҷамъшуда.

Занҳо гуфтанд, омоданд, дар ҳар лаҳза ба сару рӯи худ бензин пошида, оташ зананд.

"Мо се рӯз пушти дари ҳукумат нишастем, аммо касе назди мо набаромад. Мо талаб мекунем, ки қарздиҳӣ дар кишвари мо манъ шавад, зеро касоне, ки қарзро баргардонида наметавонанд, аз охирин сарпаноҳи худ маҳрум мешаванд. Ин кори нодуруст аст", - гуфт намояндаи ҳаракати "Эне-мекен" Уркия.

"Бисёре аз занҳо қарзҳои пардохтнашуда доранд. Писари яке аз занҳо худро овехт, зеро натавонист, ки қарзро баргардонад. Акнун манзили онҳоро мехоҳанд бигиранд. Бонкҳои мо бо фоизҳои ниҳоят баланд қарз медиҳанд. Баъди вабо мардум бекор монданд ва натавонистанд, ки қарзи бонкро баргардонанд", - гуфт намояндаи дигари ҳаракати "Эне-мекен" Минобар.

Сарвазири Қирғизистон Улуғбек Марипоф ваъда кард, ки рӯзи шанбе бо ин занҳо мулоқот мекунад.

Ним миллион аҳолии Қазоқистон зидди коронавирус эм шудаанд

Маъракаи ваксинзанӣ дар шаҳри Нурсултон, 15-уми апрели 2021

Дар Қазоқистон то 15-уми апрел беш аз 500 ҳазор кас ваксинаи зидди коронавирус гирифтаанд. Танҳо дар давоми якшабонарӯзи гузашта 70 ҳазор қазоқистонӣ эм карда шуданд.

Дар шаҳри Алмато 107,2 ҳазор нафар ё 5,5 дарсади сокинони он эм карда шудаанд. Дар вилояти Алмато ҳудуди 59 ҳазор ва дар шаҳри Нурсултон 43,5 ҳазор кас ваксинаро дарёфт кардаанд.

Вазорати тандурустии Қазоқистон хабар дода буд, ки гузаронидани оммавии ваксинаи зидди коронавирус аз 1-уми феврал дар ин кишвар оғоз шуд. Дар марҳилаи аввал онро ба табибон гузаронданд.

Қазоқистон ҷамъан ба маблағи 40 миллион доллар ваксинаи русӣ харидорӣ хоҳад кард.

Додситонии Узбекистон болоравии нархи равғанро таҳқиқ мекунад

Акс аз бойгонӣ

Додситонии кулли Узбекистон сабабҳои якбора гарон шудани нархи равғани растаниро дар он кишвар дар моҳи Рамазон таҳқиқ мекунад.

Ҳоло дар бозорҳои Узбекистон як литр равғани растанӣ ба 24 ҳазор сӯм (2,3 доллар) фурӯхта мешавад. Дар ҳоле ки он ҳафтае пеш 21 ҳазор сӯм (2 доллар) буд. Бино ба арзёбии коршиносон, нархи маҳсулоти ғизоӣ дар Узбекистон дар умум 34 дарсад боло рафтааст.

Кумитаи зиддиинҳисории Узбекистон болоравии якбораи нархро ба гароншавии нархи маҳсулоти ғизоӣ дар ҷаҳон ва кам шудани ҳосилнокӣ дар соли гузашта рабт додааст.

Дар Федератсияи ҳимоят аз ҳуқуқи истеъмолгарони Узбекистон гуфтанд, тоҷирон нархи маҳсулотро "беасос" боло бурдаанд. Ба гуфтаи масъулони федератсия, болоравии нархи маҳсулот, аз ҷумла равғани растанӣ дар саросари ҷаҳон барои тоҷирони маҳаллии Узбекистон баҳона шудааст, то моли захираи худро бо нархи гаронтар фурӯшанд.

Ба иттилои кумита, Узбекистон солона ба беш аз 300 ҳазор тонна равғани растанӣ ниёз дорад ва соли гузашта дар он кишвар зиёда аз 450 ҳазор тонна равғани мазкур истеҳсол шудааст.

Гуфтугӯи мушкил дар бораи барномаи ҳастаии Эрон

Гуфтугӯҳо дар бораи созиши ҳастаӣ бо Эрон рӯзи 15-уми апрел дар Вена дар ҳоле оғоз мешавад, ки Теҳрон пас аз ҳамла ба таъсисоти ҳастаии Натанз, ният дорад ғанисозии ураниюмро афзоиш диҳад.

Эрон ва дигар тарафҳои ин созиш -- Бритониё, Фаронса, Олмон, Чин ва Русия ҳафтаи гузашта аз гуфтугӯҳои "созанда" барои бозгашти Теҳрон ва Вашингтон ба ӯҳдадориҳояшон дар созиши ҳастаии соли 2015 хабар дода буданд.

Аммо рӯзи 13-уми апрел Эрон эълон кард, ки ғанисозии уранюмро аз сар мегирад. Ин тасмими Теҳрон ҳамакнун бар музокироти кишварҳои аврупоӣ барои сари мизи гуфтугӯҳо овардани Теҳрон ва Вашингтон соя афкандааст.

Мақомоти Эрон расман гуфтанд, ки ин тасмим дар вокуниш ба ҳамла ба таъсисоти ҳастаии Натанз дар чанд рӯзи қабл рӯи даст гирифта шудааст. Эрон Исроилро дар ин ҳамла муттаҳам мекунад.

Энтони Блинкин, вазири корҳои хориҷии Амрико, рӯзи чаҳоршанбе дар як нишасти хабарӣ дар Брюссел эълони Теҳронро барои ғанисозии 60-дарсадии ураниюм "таҳрикомез" хонд ва гуфт, онро ҷиддӣ мегиранд.

Бритониё, Фаронса ва Олмон низ "нигаронии амиқ"-и худро аз ин тасмими "хатарнок"-и Теҳрон баён карда, гуфтанд, ки он ба талошҳои пайдарпай барори эҳёи созиши ҳастаии соли 2015 аст, латма мезанад.

Раиси ҷумҳури пешини Амрико Доналд Трамп соли 2018 кишварашро аз ин созиш берун кард. Теҳрон борҳо гуфтааст, ба дунболи сохтани силоҳ ҳастаӣ нест ва барномаи ҳастаии он сирф ҳадафҳои ғайринизомӣ дорад.

КДАМ-и Қирғизистон парвандаи ҷиноиро нисбат ба Матраимов баст

Раимбек Матраимов

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) парвандаи ҷиноӣ нисбат ба муовини пешини раиси Хадамоти гумруки он кишвар Раимбек Матраимовро баст. Дар ин бора аз маркази матбуотии КДАМ иттилоъ доданд.

КДАМ пештар хабар дода буд, ки Раимбек Матраимов рӯзи 18-уми феврали соли 2021 дар доираи парвандаи пулшӯӣ боздошт ва ҳабс шудааст. "Таҳқиқоти журналистӣ дар бораи Матраимов ва дороиҳои вай дар Дубай сабаби боз кардани парванда шуда буд", - омадааст дар хабари КДАМ.

Ин ниҳоди қудратии Қирғизистон ба мақомоти кишварҳои ИДМ, Аврупо, Чин, Туркия ва Дубай дар бораи дороиҳои Матраимов ва аъзои хонаводаи вай дархост ирсол кардааст.

"Бино ба посухҳои расмӣ, Матраимов ва аъзои хонаводаи вай дар ин кишварҳо амволи манқулу ғайриманқул надорад", - иттилоъ медиҳад КДАМ. Манбаъ афзудааст, "далелҳое, ки дар таҳқиқоти журналистӣ зикр шудаанд, тасдиқ нагардиданд ва ба ин тартиб, парвандаи ҷиноӣ нисбати Матраимов қатъ шуда, вай аз ҳабс раҳо шуд."

Боздошти Матраимов дар рӯзи 18-уми феврали имсол дувумин боздошти вай буд. Бори аввал дар тирамоҳи соли 2020 мақомоти қудратии Қирғизистон Матраимовро боздошт ва пас аз пардохти ҷарима раҳо карданд.

Кенҷабек Абишев - як зиндонии қазоқистонӣ баъд аз гуруснашинӣ бистарӣ шуд

Бемористоне дар Алмато

Кенҷабек Абишев, яке аз маҳбусон аз парвандаи маъруфи "ҷиҳодиҳо"-и Қазоқистон, шаби 15-уми апрел дар бемористон бистарӣ карда шуд. Дар ин бора вакили мудофеи вай Гулнора Жуаспаева иттилоъ дод.

Абишеви 53-сола баъди он гуруснашинӣ эълом кард, ки дархосташ дар бораи озодии шартии пеш аз муҳлат рад шуд. Абишев 5 рӯзи охир гуруснашинӣ мекард.

Ин зиндонии қазоқистонӣ вақтҳои охир аз сиҳатиаш шикоят мекард ва дархости озодии пеш аз муҳлаташ низ, ба гуфтааш, ба сиҳатиаш рабт дошт.

Мақомоти зиндони Қазоқистон ин ҳодисаро то кунун шарҳ надодаанд.

Кенҷабек Абишев ва ду тани дигар аз айбдоршавандаҳои парвандаи маъруф ба "ҷиҳодиҳо" - Алмат Жумагулов ва Оралбек Омиров - 21-уми декабри соли 2018 мутаносибан ба 7 ва 8-солӣ зиндонӣ шуданд.

Баъзе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ин парвандаро сиёсӣ унвон карданд.

Мақомоти Узбекистон таъқиби диндоронро дар Намангон рад карданд

Акс аз бойгонӣ

Раёсати корҳои дохилии вилояти Намангони Узбекистон хабаҳоро дар бораи таъқиби диндорон рад кард. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре таҳти унвони "Дар вилояти Намангон таъқиби диндорон идома дорад" мечархад. Дар аксҳои нашршуда хонандаи сатрпӯше дида мешавад, ки дар назди корманди пулис истодааст.

Мақомоти корҳои дохилии Узбекистон гуфтанд, ин акс бозгӯкунандаи воқеият нест. Ба иттилои пулис, кормандони мақомот ба духтари сатрпӯш фишор наоварда, танҳо бо ӯ гуфтугӯ кардаанд ва "фаҳмондаанд, ки бо либоси муайяншуда ба мактаб ояд".

Ба иттилои расмӣ, мактаби рақами 10 дар ноҳияи Янгиқурғони Намангон рӯзи 8-уми апрел ба мақомоти пулис хабар додааст, ки дар рӯзҳои охир то 10 хонанда бо сатр ба мактаб меоянд.

Баъд аз ин хабари раёсати мактаб кормандони пулис бо хонандагони сатрпӯш мулоқот карда, аз онҳо хостаанд, ки бо сатр ба мактаб наоянд.

Аз сокинони Туркманистон талаб шудааст, ки танҳо мошини сафед ронанд

Шаҳри Ишқобод

Дар Туркманистон дар мавриди симои зоҳирии мошинҳо қоидаи нав ҷорӣ шудааст. Бар асоси қоидаи нав, ранги ҳамаи қисмҳои мошин, аз ҷумла қисмҳои аслии он бояд сафед бошанд.

Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, ҷорӣ шудани қоидаи нав дар оғози моҳи апрели имсол дар мавсими санҷиши сартосарии техникии мошинҳои корхонаҳои давлатӣ маълум гашт.

Акнун ранги тамоми воситаҳои нақлиёти идораҳои давлатӣ, аз ҷумла автобус, микроавтобус ва мошинҳои сабукрав бояд сафед бошад. Пештар ин талабот танҳо ба нақлиётҳои хусусӣ дахл дошт.

Дар сурати сафед набудани ранги мошин ронандаро ҷарима карда, нақлиётро ба таваққуфгоҳи ҷаримавӣ хоҳанд бурд. Нозирони роҳ сабаби ҷорӣ шудани қоидаи навро шарҳ намедиҳанд.

Мунаввар Мансурхоҷаев, бунёдгузори синемои аниматсионии Тоҷикистон даргузашт

Мунаввар Мансурхоҷаев (Акс аз "Азия-Плюс")

Раиси пешини Иттиҳоди кинематографистони Тоҷикистон ва бунёдгузори синемои аниматсионии Тоҷикистон Мунаввар Мансурхоҷаев рӯзи 15 апрел дар синни 80-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Вай пас аз хатми Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон бо даъвати коргардони маъруф Борис Кимёгаров дар студияи "Тоҷикфилм" ба кор сар кард. Жанри мултипиликатсия ё филми аниматсионӣ дар Тоҷикистон бо талошҳои ӯ дар поёни солҳои 70-уми садаи гузашта пайдо шуда, нахустин филми вай "Моҳии гулдор" дар соли 1981 барандаи ҷашнвораи синемои Иттиҳоди Шӯравӣ гашт. Дар муддати кораш Мансурхоҷаев 8 филми мултипликатсионии тоҷикӣ ба навор гирифт. Вай иқрор мекард, ки ин соҳа аз мушкилтарин ва серхарҷтарин риштаҳои синемо буда, давлат ба рушди он диққати ҷиддӣ намедод. Бо вуҷуди ин бо талошҳоио ӯ ва шарикону шогирдонаш дар Тоҷикистон дар давраи Шӯрпавӣ зиёда аз 30 филми аниматсионӣ ба навор гирифта шудааст. Мунаввар Мансурхоҷаев дар давраи бисёр сангини Тоҷикистон, то соли 2016 раиси Иттиҳоди кинематографистони Тоҷикистон буд.

Амрико таҳдид кард, ки ба зидди мансбадорони Русия таҳрим ҷорӣ мекунад

Як эътирозгар дар наздикии сафорати Русия дар Амрико. Вашингтон, моҳи марти 2017

Бар пояи гузоришҳои расида, Амрико нақша дорад, ба зудӣ ба муқобили як идда мансабдорон ва ниҳодҳои Русия таҳрим ҷорӣ кунад.

Ин манбаъ ба хабаргузориҳои "Рейтерс" ва "Блумберг" гуфтааст, эҳтимол 30 ниҳоди русӣ ба хотири дахолат дар интихоботи Амрико ва кӯшиши рахна кардани шабакаи компютерии давлатӣ ва ширкатҳои амрикоӣ дар соли гузашта мавриди таҳрим қарор гиранд.

Ҳамчунон як идда мансабдорони давлатӣ ва аз ҷумла мақомдорони амниятӣ таҳрим мешаванд. Дар гузоришҳо омадааст, шояд то даҳ нафар аз мансабдорон ва дипломатҳои рус аз Амрико ихроҷ карда шаванд.

Чанд ҳафта пеш президенти Амрико, Ҷо Байден, ишора карда буд, ки дар ҷавоб ба талоши рахна намудани шабакаи компютерӣ ва нармафзорҳои ширкати амрикоии СОЛАР-ВИНД посухи муносиб медиҳад.

Сарчашмаҳои иктишофии Амрико мегӯянд, рахна ба шабакаи компютерии СОЛАР-ВИНД дар моҳи декабр сурат гирифта, зоҳиран аз тарафи рахнагарони русӣ ба амал омадааст.

Маскав даст доштан дар ин амалро рад мекунад. Русия айбномаҳои дахолат дар интихоботи Амрикоро ҳам инкор мекунад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG