Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба сафорат Қирғизистонро ҳушёртар кардааст


Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев гузориши роҳбарони мақомоти қудратии кишварашро дар бораи таҳқиқи таркиши мошин дар назди бинои сафорати Чин дар Бишкек шунидааст. Вай ба роҳбарони КДАМ ва ВКД дастур додааст, ки ин ҳодисаро ба таври дақиқ таҳқиқ кунанд.

Президенти Қирғизистон ҳамчунин гуфтааст, ҳифзи иншооти муҳим ва намояндагиҳои дипломатӣ пурзӯр шавад ва инчунин дар макони ҷамъомади мардум амният таъмин карда шавад. КДАМ-и Қирғизистон дар робита ба таркиши охир парванда кушодааст.

Субҳи 30 август террористи маргталаб бо мошине худро дар назди дарвозаи сафорати Чин дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон тарконид. Се корманди сафорат ҷароҳат бардошта, бистарӣ шудаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Чин ҳамла ба сафоратро маҳкум карда, онро "бераҳмона ва тундгароёна" номидааст. Чин аз мақомоти Қирғизистон ҳамчунин хостааст, ки "то интиҳо ин ҳодисаро таҳқиқ кунанд". То кунун ҳеч созмоне масъулияти таркишро ба зимма нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG