Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманистон марди мавриди пайгарди Амрикоро боздошт кард


Карен Нерсисиён, вакили Сергей Миронов
Карен Нерсисиён, вакили Сергей Миронов

Арманистон як марди русро, ки бо дархости Амрико ва бо ҷурми пулшӯӣ ва интиқоли ғайриқонунии текноложии низомӣ ба як кишвари хориҷӣ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, боздошт кард. Мақомоти Арманистон мегӯянд, ки Сергей Миронов рӯзи 26 август дар фурӯдгоҳи байналмилалии Ереван боздошт шуд. Ба гуфтаи пулис, Арманистон исми ин мардро моҳи майи соли 2016 бо дархости Амрико ба рӯйхати афроди мавриди пайгард ворид кард. Амрико Мироновро ба талоши ворид шудан ба созише муттаҳам мекунад, ки "назорат ба содироти силоҳ"-ро халалдор мекард. Интизор меравад, ки то поёни рӯзи 29 август додгоҳи Ереван дар заминаи дархости Амрико оиди истирдоди Мирнов қарор қабул кунад.

XS
SM
MD
LG