Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оташбаси миёни ҳукумати Колубмия ва FARC ба иҷро даромад


Оташбаси миёни ҳукумат ва нерӯҳои ошӯбгари FARC дар Колумбия қувваи қонунӣ гирифт. Ҳар ду тараф изҳорот доданд, ки бо эълони оташбас мехоҳанд, созишномаи сулҳро имзо кунанд ва бо ҳамин ба низои панҷоҳсола хотима бахшанд. Қарор аст, моҳи сентябр аъзои FARC бо баргузории як нишаст созишномаи сулҳро имзо кунанд. Ҳамапурсӣ дар бораи ин созишнома дар Колумбия дувуми октябр баргузор хоҳад шуд. Бар асоси ин созишнома аъзои FARC дар порлумон соҳиби курсӣ хоҳанд шуд. Хуанс Мануэл, раиси ҷумҳури Колумбия, имзои ин созишномаро “оғози анҷоми асри ранҷ, дард ва фоҷиаҳои ҷанг” унвон кард. Дар пайи ҷанги дохилӣ бо гурӯҳи FARC дар Колумбия беш аз 260 ҳазор нафар ҷон бохтаанд. Гурӯҳи FARC соли 1964 аз ҷониби коммунистҳои фаъол “ба хотири сохтмони Колумбияи нав” таъсис ёфта буд. Ин гурӯҳ даҳсолаҳо боз қисматҳое аз кишварро таҳти тасарруф дошт ва интиқолу фурӯши маводи мухаддирро назорат мекард. Гуфтугӯ барои сулҳ миёни ФАРК ва ҳукумати Колумбия ҳанӯз аз соли 2012 оғоз шуда буд.

XS
SM
MD
LG