Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия ба мавқеи курдҳо дар Сурия зарба зад


Ҳавопаймоҳои Туркия мавқеи курдҳоро, ки Ийолоти Муттаҳида аз онҳо пуштибонӣ мекунад, дар шимоли Сурия бомбаборон карданд. Гурӯҳи суриягии нозири ҳуқуқи башар, мақари он дар Лондон мегӯяд, Ҳавопаймоҳои Туркия ва тупхои он ба деҳкадаи ал-Амарна зарба заданд, ки чанд рӯз пеш аз тарафи Нерӯҳои Демократии Сурия, иборат аз курдҳое, ки Амрико ба онҳо аз ҳаво кӯмак мекард, ишғол шуда буд. Шӯрои Низомии Ҷараблус, як бахши Нерӯҳои Демократии Сурия, бо пахши як изҳорот гуфт, ки ҳуҷум ба деҳкада хисороти ҷонӣ ба бор овардааст ва ин ҳаракати хатарнокест, ки ба сарнавишти минтақа таҳдид мекунад. Деҳкада ҳудудан дар 8 километрии ҷануби Ҷараблус, қарор дорад, шаҳри ҳаммарзе, ки рӯзи 25 август Шӯришгарони суриягӣ бо пуштибонии Туркия онро аз гурӯҳи худхондаи Давлати Исломӣ гирифтанд. Як рӯз пеш аз ин танкҳо ва зиреҳпӯшҳои Туркия, ҳамчун як бахши амалиёти низомӣ алайҳи ДИИШ ва манъ кардани низомиёни курд аз ишғоли заминҳои бештар, марзи Сурияро убур карданд. Туркия ба ҷангиёни "Воҳиди Ҳимояти Мардум", ҳамчун ба як бахши Нерӯҳои Демократии Сурия ҳушдор додааст, ки аз ин минтақа берун шавад. Туркия "Воҳиди Ҳимояти Мардум"-ро идомаи Ҳизби Коргарии Курд медонад, ки Анкара онро созмони террористӣ эълон кардааст.

XS
SM
MD
LG