Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти шаҳрванди Русия барои ҷалби сокинон ба ДИИШ


Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, шаҳрванди Русияро ба гумони ҷалби шаҳрвандони Қирғизистон ба гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” барои ҷанг дар Суриву Ироқ боздошт карданд. Намояндаи пулиси шаҳри Бишкек Олҷибой Кажабоев ба Радиои Озодӣ гуфт, шахси гумонбар баъд аз он боздошт шуд, ки пулис дар хонаи ӯ аслиҳаву миҳиммоти ҷангӣ, маводи тарғиботӣ ва норинҷак пайдо кардааст. Шахсияти боздоштшуда ошкор намешавад, ҳарчанд Кажабоев гуфт, ки ин боздоштшуда дар соли 1973 дар Қафқози Шимолӣ дар Русия таваллуд шудааст. Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон моҳе қабл гуфта буд, ки наздик ба 600 шаҳрванди ин кишвар, аз ҷумла 100 зан ба гуруҳи ифротгаро дар Сурияву Ироқ пайваста, беш аз 70 нафарашон кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG