Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти омӯзгори 24-сола барои ишқварзӣ бо шогирди ноболиғаш


Дар Тотористон омӯзгори 24-солаи мактаби миёна барои робитаҳои маҳрамона бо як шогирддухтари 15-солааш гумонбар дониста мешавад. Кумитаи тафтишоти Ҷумҳурии Тотористон мегӯяд, ки рӯзи 22 август мошини ёрии таъҷилӣ ба бемористони шаҳри Алтемйевск духтари ноболиғро овард, ки аз узвҳои бадани занонааш хун мешорид. Тафтишот аз рӯи моддаи “робитаҳои ҳамҷинсӣ бо ноболиғ” парванда боз кардааст. Ин модда муҷримро ба мӯҳлати то панҷ сол ба корҳои иҷборӣ водор ва ё то даҳ сол аз ҳақи кор кардан маҳрум мекунад. Тафтиши пешакӣ маълум кардааст, ки аз моҳи январи имсол шогирд ва муаллимаи забони русӣ пайваста бо ҳам робитаҳои маҳрамона доштаанд. Дар яке аз мулоқоти охирини онҳо рӯзи 21 август ноболиғ ба хунравии шадид мувоҷеҳ шудааст, ки чанд соат идома доштааст. Омӯзгори гумонбар дар содир кардани ҷиноят пурра ба гуноҳҳояш иқрор шудааст.

XS
SM
MD
LG