Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари коммунистҳои тоҷик ба Чин меравад


Исмоил Талбаков, раҳбари ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар ояндаи наздик ба Чин сафар хоҳад кард. Ин нукта дар ҷараёни дидори намояндаи сафорати Чин дар Душанбе бо Исмоил Талбаков, раҳбари ҳизби коммунисти Тоҷикистон матраҳ шудааст.

Исмоил Талбаков, рӯзи чоршанбеи 24 август зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “рӯзи гузашта бо Лу Ин, намояндаи сафорати Чин дар Тоҷикистон мулоқоте доштем, ки аз саргирии густариш ва тақвияти равобиту ҳамкориҳо миёни аҳзоби коммунисти Чину Тоҷикистон аз мавзӯҳои меҳварӣ буд.”

Ба гуфтаи ҷаноби Талбаков, ҳам раҳбарияти ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва ҳам намояндаи сафорати Чин дар Душанбе ба густариш ва тақвияти равобиту ҳамкориҳои байниҳизбӣ таъкид карда ва табодули таҷрибаи ҳамдигариро омили рушди ҳамкориҳо донистанд.

Намояндаи сафорати Чин дар Душанбе ба намояндагӣ аз раҳбарияти ҳизби коммунисти ин кишвар аз Исмоил Талбаков даъват ба амал овардааст, ки дар ояндаи наздик ба Чин сафар намояд.

Зимнан, даъвати раҳбари ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз ҷониби раҳбарияти ҳизби коммунисти Чин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҷаноби Исмоил Талбаков, муддати 7 соли ахир равобити байниҳизбӣ миёни ҳизби коммунисти Чину Тоҷикистон вуҷуд надоштааст.

Ба ин тартиб, баргузории ин дидор дар самти азсаргирии равобиту ҳамкориҳои байниҳизбӣ миёни ду кишвари ҳамсоя, муҳим арзёбӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG