Пайвандҳои дастрасӣ

22 духтари мактабхон худкушӣ кардаанд


Дар як ноҳияи ҷануби Қазоқистон дар ҳафт моҳи гузашта 22 духтари мактабхон худкушӣ кардаанд ва 27 нафари дигар қасд доштаанд, худро ҳалок кунанд. Ин нукта дар як ҳамоиши Анҷумани падару модарон дар ноҳияи Сайрам, ҷануби Қирғизистон садо дод. Амонгелдӣ Қобилбекова, раҳбари ин анҷуман гуфт, омор нишон медиҳад, ки худкушии хонандагон дар ин ноҳия рӯ ба афзоиш аст. Соли гузашта дар Қазоқистон 201 наврас худкушӣ кардаанд, ки тақрибан ба 5 дарсад нисбат ба соли гузашта бештар будааст. Додситонии кулли ин кишвар гуфтааст, 32 дарсади ноболиғон аз “мушкилоти дохили оила”, наздик ба 3 дарсад аз эҳсоси танҳоӣ ва баъзеашон дар пайи муноқиша бо падару модар даст ба худкушӣ задаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG