Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Медали хонандагони тоҷик дар Қазону Таиланд. 5 АКС

Тими наврасони Тоҷикистон аз олимпиадаи байналмилалии информатика ва барномасозӣ, ки аз 12 то 19-уми август дар шаҳри Қазони Русия баргузор шуд, бо ду медали нуқра ва биринҷӣ баргаштанд. Ин нишонҳоро Фарҳоди Ҳакимиён ва Нодир Даминов ба даст оварданд. Ба ҳайати дастаи барномасозони кишвар, инчунин, Фаррух Каримов ва Нозимҷон Сафаров ҳам шомил буданд. Дар сабқати математикони наврас дар Таиланд низ наврасони Тоҷикистон чор нишони биринҷӣ ва 7 ифтихорнома гирифтанд. Ин нишонҳоро Меҳрон Бобохонов, Наим Хонҷонов, Шоҳрух Исоматов ва Парвиз Алиев соҳиб шуданд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Президент хостори "тоза" кардани додгоҳҳо ва додситониҳо аз афроди "тасодуфӣ" шуд

Мулоқоти президент бо афроде, ки мақоми нав гирифтанд. 13 август, 2020.

Президенти Тоҷикистон бо ишора ба қонуншиканӣ ва ба коррупсия даст задани бархе аз кормандони додситонӣ ва додгоҳҳо ишора карда, аз раиси Додгоҳи олӣ ва Додситони кулл талаб кардааст, ки бо гузаронидани санҷишҳои тахассусӣ, ин ниҳодҳоро "аз афроди тасодуфӣ тоза" намоянд.

"Худатон дар ҷомеа намунаи ибрат бошед ва барои таъмини волоияти қонуну тартибот кӯшиш ба харҷ диҳед",-гуфтааст оқои Раҳмон рӯзи 13-уми август дар мулоқот бо афроде, ки дар ниҳодҳои додгоҳӣ, додситонӣ ва муассисаҳои соҳаи маориф ва илм мақоми нав гирифтанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, бо фармонҳои президент раисони додгоҳҳои ВМКБ, шаҳри Норак ва ноҳияи Муъминобод, шаҳрҳои Бохтар ва Ваҳдат афроди нав тайъин шуданд. Манбаъ мегӯяд, дар мувофиқа бо президент додситонҳои ноҳияҳои Кӯшониён, Хуросон, Шаҳритус, Спитамен, Тоҷикобод, шаҳри Исфара ва гарнизони ҳарбии Рашт низ таъйин гардиданд.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон дар хабарномаи рӯзи 13-уми август навишт, дар ҷараёни суҳбат бо додрасҳо ва додситонҳо раиси ҷумҳур ба мубориза ба зидди "амалҳои коррупсионӣ” таъкид кардааст.

Ҷойивазкунии кадрҳо дар низоми додгоҳӣ ва додситонии Тоҷикистон дар ҳоле сурат гирифт, ки охири соли гузашта президент Раҳмон аз боздошту зиндонӣ шудани ​25 додраси додгоҳҳои кишвар бо "ҷиноятҳои коррупсионӣ" нигаронӣ карда буд. Айни чунин ҳарфҳо дар мулоқоти президенти Тоҷикистон бо додрасҳо дар моҳи ноябри соли 2019 низ садо дода буд.

Мардуми бумии шимоли Русия раҳпаймоӣ карданд

Хонаводае аз қавми ненетс. Моҳи марти соли 2015

Намояндагони мардуми бумӣ дар нимҷазираи Таймур дар шимоли Русия ба зидди фаъолиятҳои Норникел, бузургтарин тавлидкунандаи палладиум ва никел дар ҷаҳон эътироз карданд. Даҳҳо нафар аз намояндагони қавмҳои ненетс, нганас, долган ва энетсҳо рӯзи 12-уми август бо либосҳои суннатӣ дар бар шаҳри Норилск раҳпаймоӣ карданд. Онҳо мегуфтанд, ки мақомоти расмӣ ва ширкатҳои бузург ба мисли Норникел ҳуқуқи онҳоро зери по мекунанд. Рӯзи 29-уми май тақрибан 21 ҳазор тонна маводи сӯхт аз як анбори нерӯгоҳи барқи бухории Норникел ба як рӯдхона ва кӯли Пясино рехт ва сабаби фалокати муҳити зистӣ шуд.

Қазоқистон ваксинаи зидди коронавирусро ҳоло хариданӣ нест

Сухангӯи вазорати тандурустии Қазоқистон Бағдод Хоҷаҳмадов гуфт, кишвараш то давраи санҷиши ниҳоии ваксинаҳои зидди коронавирус ба поён нарасад, онҳоро харидорӣ нахоҳад кард.

Ба гуфтаи ӯ, ин суханҳо ба ваксинаи русӣ низ дахл хоҳад дошт, ки 11 август президенти Русия Владимир Путин аз сабти он хабар дода буд.

"Дар ҳоли ҳозир Қазоқистон барои харидории ваксинаи зидди коронавирус ҳечгуна қарордодеро имзо накардааст. Зеро давраи ниҳоии коркарди онҳо ба поён нарасидааст", - иқтибос овардаанд расонаҳо аз суханҳои Хоҷаҳмадов.

Ваксинаи русӣ, ки "Спутник V" номгузорӣ шудааст, ҳанӯз дар марҳалаи санҷишӣ қарор дорад. Марҳалаи севуми санҷиш баъд аз сабти ном сурат мегирад. Дар ҳукумати Русия гуфтанд, ки ваксинаро нахуст табибон дарёфт мекунанд.

Президенти Русия хабар дод, ки дар кишвараш нахустин ваксинаи зидди вабои коронавирус сабт шудааст. Вай афзуд, яке аз духтаронаш то ин замон ваксина гирифтааст.

Путин дар ин бора дар ҷаласаи ҳукумати кишвараш рӯзи 11-уми август хабар дод. Ба гуфтаи вай, ваксина дар ҷараёни санҷиш коромадии худро нишон дода ва қодир аст, ки масунияти устувореро зидди коронавирус шакл диҳад.

Айни ҳол дар саросари дунё бештар аз 100 навъи ваксинаи эҳтимолӣ зидди коронавирус дар ҳоли коркард аст ва ҳадди ақал се навъи он дар марҳилаи ниҳоии коркард қарор дорад. Ба иттилои Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, пажуҳишҳо барои тасдиқи ваксинаи зидди коронавирус чанд моҳ давом хоҳанд кард.

Русия нахустин кишварест, ки ваксинаи зидди коронавирусро сабт мекунад, аммо олимон ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи Русия ба ин дастовард бо шубҳа менигаранд. Ҳафтаи гузашта Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ аз Русия даъват кард, ки қоидаҳо ва дастурамали созмонро риоя кунад ва аз ҳамаи марҳилаҳои барои сабти воксин зарурӣ, бигзарад.

Камала Ҳаррис гуфт, Доналд Трамп "дар фикри мардум нест"

Ҷо Байден ва Камала Ҳаррис ҳангоми

Ҷо Байден, номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Амрико аз Ҳизби демократ ва муовини баргузидааш сенатор Камала Ҳаррис рӯзи 12-уми август нахустин маъракаи таблиғотиашонро баргузор карданд. Дар баёнияи аввалинаш пас аз интихоб ба ҳайси номзад ба мақоми муовини раиси ҷумҳури Амрико дар рӯзи 11-уми август, Камала Ҳаррис раиси ҷумҳур Доналд Трампро, як раҳбари “белаёқат” номид, ки ба қавли ӯ ҳоли Амрикоро “табоҳ” кард.

Ӯ бо тасвири буҳрони коронавирус, табъизи нажодӣ, иқтисоди вайрони Амрико гуфт, ки Трамп касест, ки “аз уҳдаи кор барнамеояд.” Камала Ҳаррис афзуд: “Амрико барои раҳнамоӣ мегиряд, вале мо раиси ҷумҳуре дорем, ки бештар дар фикри худаш аст, на дар фикри мардуме, ки интихобаш кардаанд.”

Баъди пешниҳоди номзадии Камала Ҳаррис, раиси ҷумҳур Трамп ӯро фарди “нохушоянд” ва “тарсу” номид, ки ба гуфтаи ӯ сиёсатҳои “чапгароёнаи тундрав”- ро пеш хоҳад гирифт. Ҷо Байден, ки дар интихоботи рӯзи 2-уми ноябр бо Доналд Трамп рақобат мекунад, бино ба назарсанҷиҳо бо 10 имтиёз аз Трамп пештар аст.

Зимни шарҳи сабабҳои баргузидани Камала Ҳаррис номзади Ҳизби демократ гуфт, ки ӯ вакили сахтгиру ботаҷрибаест, ки “омода аст, аз рӯзи якум корашро иҷро кунад.” Камала Ҳарриси 55-сола нахустин зан аз аққалиятҳои Амрикост, ки номзадиаш ба ин мақоми баланд пешбарӣ шудааст.

Модари рӯзноманигор аз Шавкат Мирзиёев кумак хост

Бобомурод Абдуллоев

Модари Бобомурод Абдуллоев, рӯзноманигори боздоштшудаи узбек дар шаҳри Бишкек дар муроҷиати худ ба президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев гуфтааст, писарашро бо "туҳмати душманон" дастгир кардаанд ва танҳо президент метавонад, ба онҳо кумак кунад.

Гавҳар Мадаминова дар муроҷиати видеоияш ба Мирзиёев аз айби эълон кардаи додситонии ноҳияи Мирзоулуғбеки шаҳри Тошканд ба зидди писараш изҳори нигаронӣ кардааст.

"Писари ман ҳамеша аз шумо ҷонибдорӣ мекард. Ӯ мегуфт, агар Мирзиёев намешуд, ман ба озодӣ намебаромадам. Мирзиёев ба ман кумак кард, ки озод шавам. Ман ҳамчун модар нигаронам, зеро ҳангоми ҳабси пешин ба писарам гуфтаанд, ки "ин бор тавонистӣ раҳо шавӣ, вале ба дасти мо дубора хоҳӣ афтод ва он вақт ҳама чи дигар хел мешавад. Ҳатто агар мо туро 1 сол ҳам зиндонӣ кунем, аз онҷо зинда намебароӣ. Устухонҳои туро орд карда, ба модарат мефиристем". Писари ман ин суханҳоро ҳам дар додгоҳ ва ҳам дар муроҷиатномаҳои худ баён дошта буд. Аз шумо хоҳиш мекунам, ки ба мо кумак кунед. Писари маро бо туҳмат маҳв карданианд", - афзуд Мадаминова. ​

Пештар намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, ки Бобомурод Абдуллоевро рӯзи 8-уми август бо дархости Узбекистон боздошт кардаанд.

Ба гуфтаи вакили мудофеи рӯзноманигор, Абдуллоев дар Узбекистон бо моддаи "Бадномсозии президенти Узбекистон" ва "Бадномсозии сохти конститутсионии Узбекистон" айбдор мешавад.

Бобомурод Абдуллоев моҳи сентябри соли 2017 аз сӯи мақомоти амниятии Узбекистон дар шаҳри Тошканд боздошт шуда буд. Ӯро дар навиштани мақолаҳо зидди сохтори конститутсионии Узбекистон бо номи мустаор айбдор карданд.

Додгоҳ моҳи майи соли 2018 Абдуллоевро ба 1,5 соли корҳои ислоҳӣ маҳкум ва аз толори додгоҳ раҳо кард.

Бобомурод Абдуллоев бо даъвати Донишгоҳи амрикоӣ дар Осиёи Марказӣ барои таҳсили муваққат ба шаҳри Бишкек омада буд. Аммо баъди анҷоми таҳсил ба далели баста шудани марзҳо натавонист, ки ин кишварро тарк кунад.

Қирғизистон дар зимистон аз Қазоқистон нерӯи барқ хариданӣ аст

Қирғизистон ба далели пеш омадани камобӣ мехоҳад, аз Қазоқистон 500 миллион кВт/соат нерӯи барқ харад.

Ин миқдор нерӯи барқ бояд барои гузаронидани тирамоҳу зимистон кофӣ бошад. Дар ин бора раиси ширкати миллии барқи Қирғизистон Айтмамат Назаров хабар дод.

Ба гуфтаи Назаров, бино ба пешбиниҳо, то моҳи октябри имсол ҳаҷми оби обанбори Токтогул ҳудуди 14,9 миллиард метри мукаабро ташкил хоҳад дод. Соли гузашта дар ин шабу рӯз 17-19 миллиард метри мукааб буд.

Раиси ширкати миллии барқи Қирғизистон раҳбарони шабакаҳои барқии ноҳияҳои кишварашро ҳушдор дод, ки барои ҳар як садамаи рухдода ва қатъи интиқоли нерӯи барқ ба сокинон, аз ҷумла дар фасли тирамоҳу зимистон шахсан ҷавоб хоҳанд гуфт.

Пештар ширкати "Северэлектро", ки 40 дарсади нерӯи барқро дар Қирғизистон таъмин мекунад, гуфт, дар мавсими тирамоҳу зимистони ҷорӣ дар он кишвар камбуди неруи барқ пешбинӣ карда мешавад. Ин камбуд ба сатҳи ками об дар обанбори Токтогул рабт дорад.

Ҳукумати Қирғизистон ҳанӯз дар ибтидои соли ҷорӣ аз камобӣ хабар дода буд. Он замон гуфта мешуд, ки дар тамоми обанборҳои кишвар сатҳи об 10-12 дарсад аз меъёри муқаррарӣ кам хоҳад шуд.

Боздошти 11 донишҷӯи туркманистонӣ дар эътирозҳои Беларус

Эътирозҳо дар Минск. 12-уми августи 2020

Рӯзноманигори рус Семён Пегов, ки дар Беларус боздошт шуда буд, 11-уми август озод шуд. Ӯ хабар дод, ки ҳамроҳи вай чанд шаҳрванди Туркманистон ва кишварҳои дигар низ дар ҳабс буданд.

Ин шаҳрвандони хориҷӣ ва рӯзноманигори русро 10-уми август дар ҷараёни эътирозҳо ба зидди натиҷаҳои расмии интихоботи президентии Беларус дар шаҳри Минск дастгир кардаанд.

"Боздоштгоҳҳо "лабрез" шудаанд. Рӯйхати умумие вуҷуд надорад. Шахсеро дар ин боздоштгоҳҳо пайдо кардан имкон надорад. Ҳамроҳи мо дар боздоштгоҳ шаҳрвандони Итолиё, Швейтсария, Қирғизистон ва Туркманистон ҳам буданд. Онҳо низ ҳоло кумак мехоҳанд", - гуфтааст рӯзноманигор дар суҳбат бо расонаҳои Русия.

Дар ҳамин ҳол "Хроника Туркменистана" бо истинод ба манбаи худ иттилоъ додааст, ки вазоратҳои умури хориҷӣ ва дохилии Беларус ҳамтоёни туркмани худро аз боздошт шудани 11 донишҷӯи Туркманистон дар рафти эътирозҳо огаҳ кардаанд.

Дар Минск тазоҳурот ба зидди Александр Лукашенко идома ёфт

Эътироз дар рӯзи 13-уми август дар шаҳри Минск

Бо вуҷуди саркӯби бераҳмонаи тазоҳургарон дар Ҷумҳурии Белорус рӯзи чаҳорум аст, ки ҳазорон нафар ба нишони эътироз ба зидди раиси ҷумҳур Александр Лукашенко ба кӯчаҳо мебароянд. Рӯзи 12-уми август ҳазорон нафар дар Минск ва дигар шаҳрҳои Беларус ба кӯчаҳо баромаданд ва аз натиҷаҳои интихоботе, ки дар он Александр Лукашенко пирӯз эълон шуд, эътироз карданд. Лукашенко 26 сол боз раҳбари Беларус аст.

Мақомоти интизомӣ ба мардум таҳдид кардаанд, ки дар сурати тазоҳурот латукӯб ва ё боздошт мешаванд. Мақомот рӯзи 12-уми август эътироф карданд, ки ба зидди тазоҳургарон аз аслиҳа истифода бурдаанд. То кунун дар ҷараёни эътирозҳо ду нафар ҳалок шудаанд. Дар чанде аз гӯшаҳои Минск садҳо нафар саф кашида ва мошинҳо бо суст кардани суръат монеи ҳаракати мошинҳои пулис шуданд.

Айни тазоҳурот дар дигар шаҳрҳои Беларус сурат гирифт. Ба гуфтаи мақомоти расмии Беларус баъди интихоботи рӯзи 9-уми август ва шуруи эътирозҳо то кунун 6 ҳазор нафар дастгир ва садҳо тани дигар маҷруҳ шудаанд. Ба гуфтаи Кумиссиёни Марказии Интихоботӣ Александр Лукашенко 80 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст ва рақиби аслии ӯ Светлана Тихановская камтар аз 10 дар сади ороро соҳиб шудааст.

Мансабдорони тоҷик муваззаф шуданд, дар бораи чорвояшон низ гузориш диҳанд

Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон шеваи пешниҳоди эъломияи даромад ё дороиҳои мансабдоронро тағйир доданд. Агар дар шакли пешинаи декларатсия мансабдорон танҳо дар бораи маошу даромад, хона ва мошини худ хабар медоданд, дар эъломияи нав даромад аз кори илмиву эҷодӣ, омӯзгорӣ, амволи ба иҷора додаашон ва замин, пасандозҳо ва коғазҳои қиматноки худро зикр мекунанд. Инчунин, мансабдорон бояд чорвову паранда, металу санги қиматбаҳоро ҳам нависанд. Эъломияи андозро мансабдорони тоҷик ҳар сол бояд то якуми апрел дар сохторҳои андоз супоранд. Тибқи қонунҳои кишвар, ҳар касе, ки аз супурдани ин санад саркашӣ мекунад, аз кор ронда мешавад. Кодекси андози Тоҷикистон расонаӣ кардани эъломияи мансабдоронро манъ мекунад. Нашри он танҳо бо розигии худи мансабдор имкон дорад. Ин дар ҳолест, ки дар баъзе аз кишварҳо ба хотири шаффофият ва мубориза бо коррупсия дастрасӣ ба эъломияи мансабдорон озод аст. Пешниҳоди эъломия дар бораи дороиҳо ва амволи мансабдорони Тоҷикистон аз соли 2004 ба ин тараф амал мекунад.

Се кишвари дигар аз созиш барои хариди ваксина хабар доданд

Бразилия, Аргентина ва Мексика, ки аз коронавируси нав осеби зиёд дидаанд, эълон карданд, ки барои дастрасӣ ба ваксинаҳои эҳтимолӣ ба зидди коронавируси нав чанд қарордод бастаанд. Иёлати Парана дар Бразилия гуфт, рӯзи 12-уми август бо Русия барои озмоиш ва истеҳсоли ваксинаи нави баҳсбарангез созиш бастааст, ҳарчанд мақомоти расмӣ гуфтанд, ки амн ва коромад будани ваксина бояд собит шавад.

Русия таъриф кард, ки "Спутник В" аввалин ваксина ба зидди коронавирусро тавлид кардааст. Мутахассисони тиббӣ ҳушдор додаанд, ин ваксина марҳилаи саввуми озмоиш дар инсонҳоро нагузаштааст ва баҳои мутахассисони мустақилро нагирифтааст. Донишгоҳи Технологии Парана гуфт, ки дар сурати гирифтани ризоияти истифода аз ваксина, истеҳсоли онро аз нимаи дуввуми соли 2021 оғоз мекунад.

Бразилия ҳоло чанд ваксинаеро озмоиш дорад, аз ҷумла ду ваксинаеро, ки дар марҳилаи саввум озмоиш ҳастанд. Яке аз ин ваксинаҳоро Донишгоҳи Оксфорд ва ширкати дорусозии АстраЗенека сохтаанд ва дигариро озмоишгоҳи чинии Сайновак Биотек офаридааст.

Бо ҳадафи хотима додан ба пандемияи COVID-19 ҳоло дар саросари ҷаҳон кор сари 150 ваксина идома дорад ва 25 тои онро дар инсонҳо озмоиш мекунанд. Аргентина ва Мексика дар алоҳидагӣ эълон карданд, ки ваксинаи ширкати “АстраЗенека”-ро барои бисёре аз кишварҳои Амрикои Лотинӣ истеҳсол мекунанд.

Рӯзноманигори қирғиз барои як навиштааш дар Фейсбук ба бозпурсӣ даъват шуд

Айданбек Акматов

Рӯзноманигор Айданбек Акматов рӯзи 11-уми август барои як навиштааш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар бораи нуфузи олигархҳо ба сиёсати Қирғизистон ба Вазорати умури дохилии ин кишвар даъват шуд.

Акматов 22-юми июни имсол дар Фейсбук навишт, ки солҳои 2010-2015 олигархҳо дар Қирғизистон бо таъсиси ҳизбҳои худ нуфузашонро ба сиёсат тақвият бахшида, бо дуздии манбаъҳои миллӣ фаъолона машғул шуданд.

Ӯ ҳамчунин афзуда, ки президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков ба монанди ҳамтои пешинаш Алмосбек Отамбоев ҳангоми ташкили порлумон аз олигархҳо истифода мекунад.

Акматов даъват ба Вазорати умури дохилии Қирғизистон барои бозпурсиро ба назарҳои сиёсияш рабт медиҳад.

"Тавре маълум шуд, навиштаи маро сомонаи ua.kg нашр кардааст. Дар асоси ин матлаб тафтишот идома дорад. Ин як навъи фишор ба фаъолиятҳои сиёсии ман аст. Сабаби дигарро намебинам. Конститутсия ба ҳар як шахс ҳақ медиҳад, ки назарашро озод баён кунад. Ман ҳам назари худро нисбат ба равандҳои сиёсии кишвар баён кардам. Агар ин гуна идома ёбад, оянда чӣ мешавад?" - изҳор дошт рӯзноманигор.

Идомаи эътирозҳо ба пируз эълон шудани Лукашенко дар интихобот

Шаҳри Минск, 12 август, 2020.

Дар Беларус чоршанбе низ эътирозҳои худҷӯш идома ёфтанд.

Эътирозҳо дар ин кишвар 9 август, баъди эъломи натиҷаҳои пешакии интихоботи президентӣ оғоз шуданд. Иштирокдорони эътирозҳо мегӯянд, мақомот бо сохтакорӣ дар интихобот Александр Лукашенкоро дубора баранда эълом карданд. Ба иттилои Комиссияи марказии интихоботии Беларус, Лукашенко беш аз 80 дарсади раъйҳоро ба даст овардааст.

Эътирозгарон дар назди истгоҳи "Петровшина" барои чанд дақиқа ба роҳи мошингард баромада, дар минтақаи маъруф ба "Макдоналдс" онро бастанд. Неруҳои таъиноти махсус чанд бор ба он минтақа рафта, эътирозгаронро пароканда карданд, вале мардум дубора ҷамъ шуданд.

Бино ба иттилои бахши беларусии Радиои Озодӣ, дар шаҳри Гомели Беларус як ҷавони 25-сола ҷон бохтааст. Ӯ дар беморхона, ки 9 август маъмурони пулис интиқол дода буданд, ба ҳалокат расидааст. Модари ҷавон дар суҳбат бо бахши беларусии Радиои Озодӣ гуфт, писараш аз дарди қалб ранҷ мебурд ва дар эътирозҳо иштирок надошт.

Дар бештари шаҳрҳои Беларус эътирозҳои се рӯзи пешин бо саркуби сахт ва боздошти иштирокдорон анҷомиданд. Барои пароканда кардани ҷамъшудаҳо аз тирҳои резинӣ, мошинҳои обпош ва норинҷакҳои садоӣ истифода шуд.

Вазорати умури дохилии Беларус рӯзи чоршанбе бори нахуст эътироф кард, ки дар шаҳри Брест зидди тазоҳургарон аз силоҳ истифода шудаст.

Комиссияи марказии интихоботии Беларус дар интихоботи 9 август Александр Лукашенкоро дубора пирӯз эълом кард, ки норозигии сокинони ин кишварро ба бор оварда, боиси сар задани эътирозҳо дар шаҳрҳои он кишвар шуд.

Дар Туркманистон сокинони деҳаҳо барои хариди нон ба шаҳр мераванд

Дар Туркманистон сокинони деҳаҳо маҷбур ҳастанд, ки барои харидории нону шакар ба шаҳр раванд. Бино ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, вазъи ҳамсон дар ин кишвар бори охир ибтидои солҳои 90-ум мушоҳида шуда буд.

Норасоии нон дар Туркманистон дар ҳолест, ки мақомоти он кишвар мегӯянд, нақшаи давлатии ҷамъоварии гандумро иҷро кардаанд. Хабаргузории расмии Туркманистон охирҳои моҳи июн хабар дод, ки имсол дар ин кишвар 1 миллиону 400 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ шудааст.

"Сокинони деҳаҳо боз барои харидани нон ба шаҳри Ишқобод меоянд. Ба ин далел харидани нон мушкил шудааст",-иттилоъ дод хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ рӯзи 12 август.

"Имрӯз аз субҳ барои харидани нон рафта будам. Мардуми зиёд ҷамъ шуданд. Фурӯшанда ба навбатпоён мегуфт, ки ба ҳар як кас аз ду дона нон бештар фурӯхта наметавонад. Сокинони деҳаҳо хостаанд, ки ба онҳо аз панҷ то даҳдонаӣ нон фурӯшад, зеро аз роҳи дур омадаанд",-мегӯяд хабарнигор.

Узбекистон аз 15 август карантинро сабуктар мекунад

Дар тамоми минтақаҳои Узбекистон аз 15 август ба ҳаракати рӯзонаи воситаҳои нақлиёт миёни минтақаҳо иҷозат дода шуда, парвозҳо ва равуои дохилии қатораҳо аз сар гирифта мешавад. Дар ин бора президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар як ҷаласаи видеоии худ 12 август хабар дод.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти Узбекистон, истироҳатгоҳҳо, меҳмонсаройҳо, осорхонаҳо, кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо дубора ба фаъолият оғоз мекунанд.

Ба баргузории ҷашнҳои хонаводагӣ низ бо иштироки на бештар аз 30 нафар ва бо риояи талаботи ҷорӣ иҷозат дода мешавад.

Интизор меравад, ба равуои воситаҳои нақлиёт миёни минтақаҳои Узбекистон аз 17 август иҷозат шавад.

Бозорҳои либосфурӯшӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, марказҳои бузурги савдо, толорҳои варзишӣ ва ҳавзҳо аз 20 август дарҳои худро дубора боз мекунанд.

Пайвандонаш гуфтанд, вазъи Гулназар, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон, "рӯ ба беҳбуд аст"

Гулназар Келдӣ

Пайвандони Гулназар Келдӣ, муаллифи Суруди миллӣ ва аз шоирони шинохтаи Тоҷикистон, тасдиқ карданд, ки ӯ дар бемористон аст ва як муддат зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ буд, аммо ҳоло вазъияташ муътадил аст.

Ӯро бо гумони мубтало шудан ба коронавируси нав дар шифохонаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе хобонидаанд.

Дориюши Раҷабиён, хабарнигори маъруф ва яке аз пайвандони шоир, рӯзи 12-уми август дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, "аз ҳамаи ёроне, ки ҷӯёи ҳоли устод Гулназар ҳастанд, сипосгузорам ва ба ҳамаи онҳо маротиби сипосгузории худи устодро ҳам мерасонам. Устод чандест дар бемористон бистарианд. Яке-ду рӯзи аввал ба дастгоҳи танаффуси маснӯъӣ ниёз доштанду акнун ҳолашон рӯ ба беҳбуд ва муътадил аст."

Гуланазар Келдӣ рӯзи 4-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи эҳтимоли гирифторияш ба коронавирус хабар дода буд. Ӯ гуфт, пас аз он ки сулфааш зиёд шуд, дар бемористон бистарӣ кардаанд.

Гулназар Келдӣ, шоири халқии Тоҷикистон, 75-сола аст. Ӯ дар гузашта дар маҷаллаи "Садои Шарқ" ва нашрияҳои "Пайванд", "Адабиёт ва Санъат" ва "Ваҳдат" ба ҳайси мудири шуъба ва сардабир кор кардааст. Аз соли 2005 то 2010 вакили Маҷлиси Намояндагон буд.

Як суҳбати Гулназар Келдиро аз бойгонии Радиои Озодӣ дар ин ҷо бихонед:

Гулназар: "Ҳама дар фикри шикам ҳастем..."

Мақомоти Беларус гуфтанд, ба зидди эътирозгарон аз силоҳ истифода шудааст

Мақомоти Беларус бори аввал тасдиқ карданд, ки ба зидди эътирозгарон аз силоҳҳои кушанда истифода шудааст.

Бахше аз сокинони Беларус аз натиҷаҳои интихоботи президентии 9-уми август, ки раиси ҷумҳур Александр Лукашенкоро дигарбора баранда эълон кард, норозӣ ҳастанд.

Вазорати корҳои дохилии Беларус рӯзи 12-уми август гуфт, шаби гузашта дар шаҳри Брест як мард захмӣ шудааст. Ба қавли мақомот, ин ҳодиса баъди он рух додааст, ки гуруҳе аз одамон бо милаҳои оҳанӣ ба маъмурони ҳифзи ҳуқуқ ҳамла кардаанд ва онҳо дар ҷавоб оташ кушодаанд.

Дар баёнияи расмӣ омадааст, "дар Брест гуруҳе аз шахсони мусаллаҳ ва пархошҷӯ ба маъмурони пулис ҳамла карданд. Тирҳое, ки ба ҳаво холӣ шуд, низ монеи онҳо нагардид. Барои дифоъ аз ҳаёт ва амнияти маъмурони пулис аз силоҳҳои кушанда истифода шуд. Яке аз ҳамлаварон маҷруҳ гардид."

Бори аввал аст, ки мақомоти Беларус эътироф карданд, ки аз силоҳҳои кушанда ба зидди норозиён истифода кардаанд. Пештар онҳо мегуфтанд, ки барои пароканда кардани муътаризон аз силоҳҳои резинӣ истифода мебаранд.

Ба қавли мақомоти Вазорати умури дохилӣ, рӯзи 11-уми август дар чандин шаҳру минтақаи Беларус тазоҳурот баргузор шудааст. Як рӯз пеш аз он мақомот дар бораи боздошти панҷ ҳазор кас, бистарӣ шудани тақрибан 200 нафар ва марги як нафар хабар дода буданд.

Эътирозҳо дар Беларус баъд аз он сар зад, ки Кумисюни марказии интихобот гуфт, Лукашенко бо беш аз 80 дарсади ройи мардум пирӯз шудааст. Дар ҳоле ки ба иттилои расмӣ рақиби аслии ӯ, Светлана Тихановская тақрибан даҳ дар сад овоз гирифтааст. Мухолифон бо ин натиҷаҳо розӣ нестанд.

Модарони серфарзанд дар Нурсултон пардохти кумакпулӣ талаб карданд

Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон рӯзи 11 август бештар аз 30 модари серфарзанд назди вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷамъ шуда, талаби мулоқот бо вазирро карданд.

Ин модарон талаб доранд, ки кӯмакпулии дар ҳаҷми 21 ҳазор танга (наздики 50 доллари ИМА) баргардонида ва хонаводаҳои ниёзманд бо сарпаноҳ таъмин карда шаванд.

"Ман шаш фарзанд дорам. Дар таҳхона зиндагӣ мекунам. Давлат ба мо ҳеч кӯмаке нарасонд. Чаро давлат модарони серфарзандро кӯмак намекунад?", - мепурсад яке аз занони тазоҳургар.

Ин модарон ҳамзамон мегӯянд, ки мақомот ба онҳо фишор меоранд.

"Вақте мо пушти дари муассисаҳои давлатӣ ҷамъ мешавем, ба мо фишор меоранд. Афроде дар либоси мулкӣ моро навор мегиранд ва номҳоямонро мепурсанд. Мо инро як навъи фишор меҳисобем", - гуфт яке аз занони ҷамъшуда.

Бо ин вуҷуд вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Қазоқистон Бирҷон Нуримбетов ба мулоқоти занон ҳозир нашуд. Занон гуфтанд, шабро пушти дари вазорат рӯз хоҳанд кард.

Бино ба тартиби нав дар Қазоқистон, ҳукумат сарфи назар аз даромад ва ё вазъи иҷтимоӣ ба хонаводаҳои серфарзанд кӯмакпулии ҳармоҳа пардохт мекунад. Айни замон хонаводаҳои дорои чаҳор фарзанд ҳаққи дарёфти 10 ҳазору 500 танга барои ҳар кадом кӯдак, дар маҷмуъ бештар аз 42 ҳазор танга (100 доллари ИМА)-ро доранд. Хонаводаҳои дорои панҷ фарзанд бештар аз 53 ҳазор танга ва хонаводаҳои дорои шаш фарзанд зиёда аз 63 ҳазору 500 танга дарёфт хоҳанд кард. Аммо ин пардохтҳо вобаста ба маоши ҳадди ақал ва сатҳи фақр сурат мегиранд. Хонаводаҳои серфарзанд аз ин талабот норозӣ ҳастанд ва талаб доранд, ки кӯмакпулиҳои дар ҳаҷми 21 ҳазор танга баргардонида шаванд.

Вакилони Бобомурод Абдуллоев наметавонанд бо ӯ вохӯранд

Журналист Бобомурод Абдуллоев

Ба вакилони дифои рӯзноманигори узбекистонӣ Бобомурод Абдуллоев, ки дар шаҳри Бишкек боздошт шудааст, иҷозат намедиҳанд бо шахси зери ҳимояташон мулоқот кунанд. Дар ин бора яке аз вакилони ӯ Наталя Котик иттилоъ дод.

Ба гуфтаи вакили дифоъ, вай ду рӯз мешавад, бо Абдуллоев, ки дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар шаҳри Бишкек қарор дорад, наметавонад вохӯрад.

"Онҳо карантини 14-рӯзаро баҳона пеш меоранд. Дирӯз гуфтанд, ки утоқҳои нигаҳдориро зиддиуфунӣ мекунанд ва фардо метавонам бо шахси зери ҳимояам мулоқот кунам. Вале имрӯз боз мегӯянд, ки ба иллати карантин наметавонед бо Абдуллоев вохӯред. Абдуллоев бемор нест ва ман ҳам. Шоми 10-уми август бо ӯ мулоқот доштам. Ҳайратовараш ин аст, ки қоидаҳои карантин танҳо ба Абдуллоев дахл дорад", -- афзуд ӯ.

Пештар намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, ки Бобомурод Абдуллоевро рӯзи 8-уми август бо дархости Узбекистон боздошт кардаанд.

Ба гуфтаи вакили мудофеи рӯзноманигор, Абдуллоев дар Узбекистон бо моддаи "Бадномсозии президенти Узбекистон" ва "Бадномсозии сохти конститутсионии Узбекистон" айбдор мешавад.

Бобомурод Абдуллоев моҳи сентябри соли 2017 аз сӯи мақомоти амниятии Узбекистон дар шаҳри Тошканд боздошт шуда буд. Ӯро дар навиштани мақолаҳо ба зидди сохтори конститутсионии Узбекистон бо номи мустаор айбдор карданд.

Додгоҳ моҳи майи соли 2018 Абдуллоевро ба 1,5 соли корҳои ислоҳӣ маҳкум ва аз толори додгоҳ раҳо кард.

Бобомурод Абдуллоев бо даъвати Донишгоҳи амрикоӣ дар Осиёи Марказӣ барои таҳсили муваққат ба шаҳри Бишкек омада буд, аммо баъди анҷоми таҳсил ба далели баста шудани марзҳо натавонист, ин кишварро тарк кунад.

Навбатпоии узбекистониҳо дар пушти дари бонкҳо дар давраи карантин

Дар баъзе аз минтақаҳои Узбекистон гирифтани пули фиристодаи муҳоҷирон аз бонкҳо дубора мушкил шудааст.

Як манбаи бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди эъломи "карантин" навбатпоиҳои сокинон дар пушти дари бахшҳои "Капиталбонк" ва "Ҳамкорбонк" дар вилоятҳои Навоӣ, Сурхандарё ва Тошканд мушоҳида мешавад.

Як сокини ноҳияи Деҳнави Сурхандарё гуфт, 10-уми август дар назди бахши ноҳиявии "Капиталбонк" дар навбати 170-ум меистод, то пулеро, ки наздиконаш аз хориҷ фиристодаанд, бигирад. Вале як рӯз пас ҳам навбати ӯ нарасид.

Бино ба видеое, ки бахши узбекии Радиои Озодӣ дастрас кард, даҳҳо нафар дар ноҳияи Деҳнав дар назди "Капиталбонк" дар навбат истодаанд.

Намояндагони бонкҳои Узбекистон эътироф мекунанд, ки дар баъзе аз бахшҳои бонкҳо мушкили норасоии пули нақд ба миён омадааст.

Шаҳрдории Бишкек бо кумаки БОР мусофирбарҳои барқӣ мехарад

Шаҳрдории Бишкек, пойтахти Қирғизистон тасмим гирифтааст, автобусҳои барқӣ харидорӣ намуда, барои онҳо истгоҳу таваққуфгоҳҳои махсус бунёд ва масири алоҳида ташкил кунад.

Ин лоиҳа бо кумаки Бонки осиёии рушд (БОР) иҷро хоҳад шуд. Бонк барои иҷрои лоиҳа бо Вазорати молияи Қирғизистон ёддоштеро имзо кардаанд. Лоиҳа 58,9 млн доллар харҷ дорад. БОР 50 млн доллар ҷудо хоҳад кард, ки 15 миллиони грант мебошад.

Лоиҳаи мазкур дар чаҳор марҳала иҷро шуда, маблағи асосӣ ба харидории автобусҳо, корҳои сохтмонӣ, хидматрасонии машваратӣ равона мешавад. Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки чи қадар автобуси барқӣ харидорӣ мешавад.

Додгоҳи Алмато озодии фаъоли маданӣ Асия Тулесоваро маҳдуд кард

Асия Тулесова

Додгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон субҳи чоршанбе фаъоли мадании қазоқ Асия Тулесоваро дар таҳқир кардани намояндаи давлат айбдор ва якуним сол озодияшро маҳдуд кард.

Фаъоли мадании қазоқ ҳамчунин 41 670 танга (наздики 100 доллар) ҷарима шудааст.

Вакили дифои Тулесова гуфт, аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ба зинаҳои болоии додгоҳӣ шикоят хоҳанд бурд.

Мақомоти қазоқ Асия Тулесова​ро ба он айбдор мекунанд, ки ҳангоми боздошти иштирокдорони тазоҳуроти 6 июн дар шаҳри Алмато корманди пулисро "таҳқир" ва зиддаш "аз нерӯ истифода" кардааст. Додгоҳи Медеу 7 июл баррасии парвандаи ҷиноии Тулесоваро оғоз ва дархости вакилони дифоъ барои озод кардани ӯ аз ҳабси пешакиро рад кард.

Созмонҳои бонуфузи байналмилалии ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Қазоқистон талаб доранд, ки Тулесоваро озод кунанд, зеро ба гуфтаи онҳо, ӯ беасос дастгир шудааст.

Даҳҳо гектар чарогоҳ дар ноҳияи Восеъ сӯхтааст. АКС, ВИДЕО

Чарогоҳе, ки сӯхт ҷойи чаридани чорвои мардум будааст.

Шаби 11-уми август даҳҳо гектар чарогоҳ дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ба коми оташ рафтааст.

Мақомоти идораи оташнишонии минтақаи Кӯлоб мегӯянд, бо азобе сӯхторро хомӯш карданд ва дар ин ҳодиса касе осеб надид. Аммо сокинони ҷамоати ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ гуфтанд, сӯхтор ҷойи чаридани чорвои онҳоро аз байн бурд ва барояшон мушкил эҷод кард.

Ҳанӯз сабабҳои сӯхторро маълум накардаанд.

Ин дувумин сӯхтори бузург дар тақрибан як моҳи ахир дар ҳудуди ноҳияи Восеъ аст. Шоми 26-уми июл дар ду гектар замини ҷангалзори Кӯҳи Намак низ сӯхтор рух дод.

Мақомот мегӯянд, имсол бо гарм омадани тобистон даҳҳо гектар заминҳои кишт ва чарогоҳҳо сӯхтаанд. Ҳотамшоҳ Назарзода, сардори идораи оташнишонии минтақаи Кӯлоб гуфт, "дар шаш моҳи имсол 5,6 гектар ғаллазор, заминҳои зағир ва чарогоҳ оташ гирифтанд."

Зарари умумӣ аз ғаллазор беш аз 16 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан ду ҳазор доллар, ҳисоб шудааст, аммо зарари сӯхтор дар чарогоҳ ва заминҳои баъди даравро нашумурдаанд.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Оташ ба чарогоҳҳои ноҳияи Восеъ зиён овард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:28 0:00

Байден сенатор Камала Ҳаррисро муовини худ баргузид

Ҷо Байден ва Камала Ҳаррис дар аксе аз рӯзи 31-уми июли соли 2019.

Ҷо Байден, номзад ба мақоми раиси ҷумҳур аз Ҳизби демократи Амрико эълон кард, ки сенатор Камала Ҳаррисро, ба ҳайси муовини худ баргузид. Камала Ҳарриси 55-сола ва вакили иёлати Калифорния аввалин зан аз аққалиятҳои Амрикост, ки номзадиаш ба ин мақоми баланд пешбарӣ шудааст.

Ҷо Байден дар саҳифааш дар Твиттер навишт, ки “Ман бо ифтихор эълон мекунам, ки Камала Ҳаррис, яке аз хидматгузорони беҳтарини мардуми кишварро ба ҳайси ҳамроҳам дар интихобот, баргузидам.” Чанд дақиқа баъд аз ин эълон, раиси ҷумҳур Доналд Трамп як паёми таблиғотии интихоботиашро твит кард, ки дар он Камала Ҳарррисро “тарсу” номидаанд ва гуфтаанд, ки ӯ бо Ҷо Байден “ҳамроҳ роҳи чапгароии тундравро баргузидаанд.”

Камала Ҳаррис дар анҷумани интихоботии Ҳизби демократи Амрико рақиби Ҷо Байден буд. Ахирӣ, ки 8 сол муовини Барак Обама, раиси ҷумҳури собиқи Амрико буд, моҳи март қавл дод, ки занеро ба ҳайси номзад ба мақоми муовини раиси ҷумҳур интихоб мекунад. Модари Камала Ҳаррис ҳиндӣ ва падараш аз Ямайка аст.

Ӯ дар гузашта додситони Калифорния ва додситони минтақавии Сан Франсиско будааст. Ҷо Байден дар интихоботи рӯзи 3-уми ноябр дар Амрико бо Доналд Трамп рақобат мекунад ва бино ба назарсанҷиҳо, бо 10 имтиёз аз ӯ пештар аст.

Минск мегӯяд, "ҳамоҳангсозони бетартибиҳо"-ро боздошт кард

Хабаргузории давлатии Беларус - БелТА иттилоъ дод, ки мақомоти ин кишвар "ҳамоҳангсозони бетартибиҳои оммавӣ"-ро боздошт карданд. Яке аз боздоштшудаҳо сокини шаҳри Минск буда, дар ошёнаи 17-уми меҳмонхонаи "Беларус" ҳуҷраеро ба иҷора гирифта, эътирозҳоро ҳамоҳанг мекардааст.

Ба иттилои хабаргузорӣ, ӯ се зертобеъ доштааст, ки "дар навбати худ садҳо нафари дигарро идора мекардаанд".

Вазорати умури дохилии Беларус ҳамчунин аз боздошти нафаре хабар додааст, ки ба иштирокчиёни эътирозҳо пул медодааст. Аз ҷузвдони вай "даҳҳо ҳазор доллари нақдина пайдо карданд".

Гумонбар ҳангоми боздошт ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқобилият нишон дода, бинии яке аз маъмуронро шикастааст.

Вазорат пештар низ иттилоъ дод, ки "ҳангомабарангезандагони бетартибиҳо", аз ҷумла ду шаҳрванди Русия -- ҳамоҳангсозони "Русияи боз" бо номи Игор Рогов ва Артём Важенковро дастгир кард. Дертар хабар дода шуд, ки зидди онҳо бо ҷурми даст доштан дар бетартибиҳо парванда боз гаштааст.

Комиссияи марказии интихоботии Беларус дар интихоботи 9 август Александр Лукашенкоро дубора пирӯз эълом кард, ки норозигии сокинони ин кишварро ба бор оварда, боиси сар задани эътирозҳо дар шаҳрҳои он кишвар шуд.

Вазирони Осиёи Марказӣ ва Ҷопон ҳамкорӣ барои маҳви вирусро баррасӣ кардаанд

Мулоқоти вазирони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Ҷопон дар Ашхобод қабл аз пандемияи коронавирус ва дар соли 2017.

Ҳукумати Ҷопон ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ аҳд додаанд, ки дар муқобила бо пандемияи коронавируси нав ҳамкорӣ мекунанд. Тошимитсу Мотеки, вазири умури хориҷии Ҷопон дар як конфронси видеоӣ бо вазирони панҷ кишвар гуфтааст, “Ҷопон дар ин ҳамкорӣ ба ҳайси ташкилдиҳанда саҳм хоҳад дошт”.

Вазорати умури хориҷии Ҷопон бо нашри як баёнияи расмӣ баъд аз ин нишаст гуфтааст, вазирони кишварҳои минтақа аз ҷумла аз Тоҷикистон ба Ҷопон барои кӯмаки 18 миллион долларӣ, ба шумули таҷҳизоту абзори тиббӣ изҳори сипос кардаанд.

Дар конфронси видеоӣ дар рӯзи 11-уми август Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Мухтор Тилавбердӣ аз Қазоқистон, Чингиз Айдарбеков аз Қирғизистон, Абдулазиз Комилов аз Узбекистон ва Рашид Мередов, вазири умури хориҷии Туркманистон ширкат кардаанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG