Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба Хатлон меравад


Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзҳои 24-26-уми август аз минтақаҳои вилояти Хатлон боздид хоҳад кард. Қурбонбой Ҳакимзода, муовини раиси вилояти Хатлон, рӯзи 22 август дар ин бора ба Радиои Озодӣ хабар дод ва гуфт, ки дар ҷараёни ин сафар беш аз 20 иншоот ба истифода дода мешаванд. Ба қавли муовини раиси Хатлон, “интизор меравад, сафари раисиҷумҳур бо ифтитоҳи роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Ёвон аз ноҳияи Ёвон оғоз шуда, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба поён расад.» Қарор аст, дар ҷараёни ин сафари раисиҷумҳур бинои театри муосир дар шаҳри Қӯрғонтеппа низ ба истифода дода шавад. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки ҳадафи сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба минтақаҳои кишвар асосан ошноӣ бо вазъи зиндагии мадум аст.

XS
SM
MD
LG