Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсари Саакашвилӣ номзади интихобот мешавад


Сандра Рулоф, ҳамсари раисиҷумҳури пешини Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ
Сандра Рулоф, ҳамсари раисиҷумҳури пешини Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ

Сандра Рулоф, ҳамсари раисиҷумҳури пешини Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ, барои курсии порлумон аз ҳавзаи якмандатии шаҳри Зугдидии вилояти Самегрело мубориза хоҳад бурд. Рулофи 47-сола, ки аслаш ҳолландӣ аст, рӯзи 19-уми август ба ҳаводоронаш дар деҳаи Кортхели гуфт, ӯ дар интихоботи порлумонии 8-уми октябр номзади ҳизби Ҷунбиши муттаҳидаи миллӣ хоҳад буд. Замоне шавҳараш Михаил Саакашвилӣ раҳбарии ин ҳизбро дар ӯҳда дошт. Пешвои инқилоби садбаргии Гурҷистон Саакашвилӣ, ки аз соли 2003 то 2013 раҳбарии Гурҷистонро бар дӯш доштааст, феълан волии вилояти Одессаи Украина мебошад. Мақомоти Украина Саакашвилиро ба сӯиистифода аз қудрат ва фасоди молӣ муттаҳам намуда, таҳқиқи ҷиноии аъмоли ӯро шурӯъ кардаанд. Моҳи декабри соли гузашта Саакашвилӣ аз шаҳрвандии Гурҷистон маҳрум шуда, тобеияти Украинаро қабул кардааст.

XS
SM
MD
LG