Ду мошини ҳомили маводи тарканда дар қисмати шарқии Туркия таркида хисороти ҷонӣ ба бор овардааст. Таркиши аввал субҳи 18 август дар наздикиҳои идораи пулиси маҳаллӣ дар Ван сурат гирифт ва бар асари он се нафар кушта ва 40 тани дигар захм бардошт. Чанд соат дертар таркиши дуюм дар назди идораи пулиси Елазиг рух дод, ки дар пайи он се нафар ҳалок ва 120 нафар маҷрӯҳ шуданд. Мақомоти ҳарду шаҳр Ҳизби Коргарии Курдро дар даст доштан дар ин таркишҳо муттаҳам карданд. Ин гуруҳи мамнуъ дар Туркия то ҳол масъулияти инфиҷорҳоро бар дӯш нагирифтааст. Ноиби волии шаҳри Ван Меҳмет Парлак ба хабарнигорони маҳаллӣ гуфтааст, "ҷангӣ"-е, ки мошинро дар назди бино гузошта буд, боздошт шуд ва мавриди бозҷӯӣ қарор дорад. Дар ҳоле, ки аз замони бекор шудани созиши оташбас дар соли 2015 нерӯҳои амниятии Туркия қариб ҳамарӯза бо Ҳизби Коргарии Курд вориди низоъ ҳастанд, шаҳри Ван ба сурати умум макони амн буд. Хушунатҳо асосан дар наздикиҳои шаҳри Диёрбакир ҷараён гирифтаанд, ки рӯзи 15 август дар он аз таркиши мошини ҳомили маводи тарканда 8 нафар ҳалок шуд. Ҳизби Коргарии Курд муборизаи мусаллаҳонаро барои истиқлолият соли 1984 оғоз карда аз он замон беш аз 40 ҳазор нафар дар хушунатҳо қурбон шудааст.