Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як шаҳрванди Узбакистон дар Украина


Мақомоти Украина як шаҳрвани Узбакистонро бо гумони ҷангидан дар тарафи ҷудоихоҳони минтақаи шарқии Донетск боздошт карданд. Сухангӯи додситони минтақавии Донетск рӯзи 16 август ба радиои Озодӣ гуфт, ки Александр Брикин, як бошандаи рустабори Тошканд эътироф кардааст, ки ӯ моҳи декабри соли 2014 ба сафи ҷудоихоҳон дар Донетск пайваст ва то моҳи майи соли 2015 дар қисми низомии ҷудохоҳон хизмат кард.

Аз моҳи апрели соли 2014, дар ҷанги байни неруҳои ҳукумати Украина ва ҷудоихоҳон, бо пуштибонии Русия, дар минтақаҳои Луҳанск ва Донетск беш аз 9 ҳазор нафар кушта шудааст. Дар бораи иштироки ҷангиёни ихтиёрӣ аз кишварҳои собиқ Шӯравӣ, дар ҳарду ҷабҳа, гузоришҳои зиёд пахш шудаанд.

XS
SM
MD
LG