Пайвандҳои дастрасӣ

Додситони нави Тошканд таъин шуд


Ботир Қудратхоҷаев, мушовири калони адлия, додситони шаҳри Тошканд таъин шудааст. Аммо дар ин бора то ҳол на хадамоти матбуотӣ ва на сомонаи расмии Додситонии кулли Узбакистон хабар надодааст. Ин дар ҳолест, ки манбаи бахши узбакии Радиои Озодӣ мегӯяд, Ботир Қудратхоҷаеви 41-сола, ки аз соли 2014 инҷониб вазифаи додситонии вилояти Сурхандарёро ба зимма дошт, додситони Тошканд таъин гардидааст. Қудратхоҷаев дар ин мақом Мирзоҳид Обидовро иваз намуд, ки 11 марти соли равон муовини раиси шаҳри Тошканд таъин гардида, то ҳол касе ба ҷояш интихоб нашуда буд. Шаш моҳи ахир онро муваққатан Мираглам Мирзоев иҷро менамуд. Ботир Қудратхоҷаев аз соли 2010 то 2014 ба ҳайси додситони низомии Минтақаи шарқии ҳарбӣ кор карда, аз соли 2012 то 2014 муовини аввали додситони низомии Узбакистон буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG