Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми роҳбари ҳаракати "Русҳо" эълон мешавад


Додгоҳи ноҳияи Мешани Маскав санаи эълони ҳукми роҳбари пешини ҳаракати "Русҳо" Александр Поткин (Белов)-ро таъйин мекунад. Дар ин бора "Интерфакс" хабар додааст.

Поткин моҳи октябри соли 2014 дар доираи таҳқиқи парвандаи дуздии панҷ миллиард доллар аз бонки БТА-и Қазоқистон боздошт шуда буд. Ӯро дар қонунигардонии пулҳои дуздӣ айбдор мекунанд. Поткин ҳамчунин дар ташкили ҷамъияти тундгаро, харобкорӣ ва барангехтани адовати миллӣ айбдор мешавад.

Рӯзи душанбе додситонҳо аз додгоҳ хостанд, ки Поткинро 9 сол зиндонӣ кунад. Худи Поткин айбҳоро рад карда, парвандаи ҷиноятиро хушунати сиёсӣ меномад.

XS
SM
MD
LG