Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шойгу: ИМА ва Русия дар робита бо Ҳалаб ба созиш наздик мешаванд


Вазири дифои Русия гуфт, ки Маскаву Вашингтон барои коҳиши бӯҳрони башарӣ дар шаҳри Ҳалаби Сурия ба созиш наздик мешаванд. Сергей Шойгу, вазири дифои Русия дар сӯҳбат бо телевизиони “Россия-24” рӯзи 15 август гуфт, ки сухан маҳз дар бораи Ҳалаб меравад ва тавофуқи назари ҷонибҳо, ба гуфтаи ӯ, қадам ба қадам ҳосил мешавад ва ин созиш шароитро барои таъмини амният ва ҳам сулҳ дар қаламрав ҳамвор хоҳад кард. Шойгу гуфт, ки намояндагони Русия дар як марҳилаи хеле фаъоли музокирот бо ҳамкорони амрикоиашон ҳастанд.

Соли шашум аст, ки ҷангҳо дар Ҳалаб, як маркази бузурги тиҷоратии Сурия идома дорад ва амният дар ин шаҳр ба масъалаи калидӣ табдил шудааст. Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ки ҳанӯз музокирот барои дастёбӣ ба созиш ниҳоӣ нашудааст. Элизабет Трудо, сухангӯи Департаменти давлатӣ дар изҳороташ гуфт, ки феълан хабари наве дар ин замина нест ва амрикоиҳо дар тамоси наздик бо русҳо кор мекунанд. Президенти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх Питер Маурер дар тасвири вазъ гуфт, ки шаҳри Ҳалаб шоҳиди яке аз даҳшатноктарин низоъҳо дар қарни нав шудааст.

XS
SM
MD
LG