Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъқиби ҷонибдорони Фатҳулло Гулен дар Озарбойҷон


Дар Озарбойҷон алайҳи ҷонибдорони рӯҳонии турк Фатҳулло Гулен, ки дар Амрико зиндагӣ мекунад ва мақомоти Туркия ӯро ба кӯшиши табаддулоти давлатӣ муттаҳам кардаанд, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Додситонии Озарбойҷон талош дорад, ки аз "амалкардҳои ғайриқонунии ҷонибдорони Гулен пешгирӣ кунад". Дар ин бора БиБиСи хабар додааст. Гуфта мешавад, ки "даъватҳои ошкор барои сарнагун кардани сохти конститсионӣ" аз заминаҳои аслии боз шудани парвандаи ҷиноӣ будааст. Манобеи расмӣ ва ғайрирасмӣ дар бораи ҷузъиёти даст доштани ҷонибдорони Гулен дар ҳодисаи мушаххас маълумот надодаанд. Аммо пажуҳиши бунгоҳи Haqiqin.az мушаххас кардааст, ки эҳтимолан ин нафарон марбут ба гурӯҳи оппозитсионии Ҳизби Ҷабҳаи мардумӣ бошанд.

XS
SM
MD
LG