Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи вазирони СПАД дар Ереван баргузор мешавад


16 август дар шаҳри Ереван-пойтахти Арманистон ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ баргузор мешавад. Дар ин бора вазорати дифои Арманистон ба матбуот хабар додааст.

Дар хабар омадааст, бо тасмими Шӯрои Паймони амнияти дастаҷамъӣ 16 август ҷаласаи Шӯрои вазирони дифоъ баргузор мешавад.

Барои ширкат дар он ҳайатҳои вазоратҳои дифои Беларусу Қазоқистон, Қирғизистону Русия ва Тоҷикистон дар Ереван гирдиҳам меоянд.

Раёсати ин паймонро Николай Бордюжа бар уҳда дорад.

XS
SM
MD
LG