Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми ду сокини Шуғнон барои таҳқири пулис


Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон
Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон

Додгоҳи Шуғнони вилояти Бадахшон ду сокини ин ноҳияро барои таҳқири пулис ва истифода аз зӯр шартан 1,5-солӣ маҳкум кардааст. Раҳмон Соқизода, раиси додгоҳи Бадахшон, рӯзи 15 август дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, "ин давраи санҷишӣ аст. Агар дар ин муддат хатое аз онҳо нагузарад, озод мешаванд, вагарна ҳар кадом дунимсолӣ ба зиндон фиристода хоҳанд шуд." Додситонии кулли Тоҷикистн низ рӯзи 15 август расман эълон кард, ки Тоҷибек Танибеков ва Гулбек Саидбеков барои таҳқиру зӯроварӣ алайҳи кормандони пулис муҷозот шудаанд. Дар хабари расмии ин ниҳод гуфта шудааст, "Танибеков Саидбеков аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда, корманди милиса Давлатов Ф.Ё. ва дигаронро, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон қарор доштанд, таҳқир ва нисбат ба онҳо аз зӯроварӣ истифода намуданд." Алайҳи ин ду нафар бар асоси моддаи марбут ба авбошӣ парванда боз шуда буд.

XS
SM
MD
LG