Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ноиби раисиҷумҳури Амрико ба Туркия меояд


. Туркия гуфт, ноиби раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден рӯзи 24 август аз Туркия боздид мекунад. Ин дар пасманзари танишҳо байни Анкара ва қудратҳои ғарбӣ бар сари таъқиботест, ки дар Туркия дар пайи кӯшиши нокоми табаддулоти низомии 15 июл ба роҳ андохтаанд. Сарвазири Туркия Биналӣ Йилдирим рӯзи 13 август дар Истамбул бо эълони хабари сафари Байден гуфт, дидгоҳи Вошингтон дар масъалаи дархости истирдоди рӯҳонии турки муқими Амрико Фатҳулло Гулен беҳтар шудааст. Йилдирим дар ин бора ҷузъиёти дигар надод. Анкара Гуленро ба раҳбарии кудато айбдор карда, шабакаи ӯро созмони террористӣ меномад ва истирдоди ӯро аз Амрико мехоҳад. Вале Вошингтон қаблан гуфт, дар бораи даст доштани Гулен дар кудатое, ки беш аз 270 кушта ба ҷо гузошт, шавоҳид лозим дорад. Гулен ҳар навъ даст доштанаш дар кудаторо рад мекунад. Дар пайи он ҳодиса дар Туркия 81 494 нафар, бо шумули қозиён, низомиён ва ходимони мулкӣ боздошт ё барканор шудаанд. Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба пок кардани ниҳодҳои Туркия аз ҳузури шабакаи Гулен даъват мекунад. Аммо дар Ғарб аз шеваи таъқибе, ки дар Туркия идома дорад, интиқод мекунанд ва тарс доранд, ки Эрдуғон мехоҳад аз ин барои таҳкими қудраташ истифода кунад. Ахиран Зайд Раъд Ал-Ҳусейн, кумиссари ҳуқуқи башари СММ аз Анкара даъват кард, ки ҳуқуқи афроди боздоштшуда дар пайи кӯшиши табаддулотро риоя кунад. Сухангӯи вазорати хориҷаи Туркия Танҷу Билгич рӯзи 13 август ин изҳоротро ғайри қобили қабул ва “нохушоянд” номид ва поймол шудани ҳуқуқи мардум дар ҷараёни поккориҳоро рад кард.

XS
SM
MD
LG