Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори фармондеҳи ДОИШ барои Хуросон таъйид шуд


Мақомоти Афғонистон дар вилояти Нангарҳор таъйид карданд, ки раҳбари ДОИШ барои минтақаи Хуросон дар вулусволии Ачин кушта шудааст. Фармондеҳи бригадаи 201 Селоб гуфтааст, ки Ҳофиз Саид бо се тани дигар аз пайравонаш дар як амалиёт кушта шудаанд.

Вазорати дифои Афғонистон мегӯяд, таҳқиқот нишон медиҳад, ки кушта шудани Ҳофиз Саид воқеият дорад. Генерал Замон Вазирӣ-фармондеҳи бригадаи 201 Селоб ба хабарнигорон дар вулусволии Ачини вилояти Нангарҳор гуфт, Ҳофиз Саид кушта шудааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ҷараёни амалиёт се нафар кушта шудаанд ва яке аз онҳо фармондеҳи ДОИШ дар минтақаи Хуросон будааст.

XS
SM
MD
LG