Мақомоти Қазоқистони Ҷанубӣ ҳамлаи гуруҳи ҷавонон ба минтақаи тоҷикнишини ин вилоятро "авбошӣ" номиданд. Уласбек Содиқов, муовини ҳокими Қазоқистони Ҷанубӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳодисаи шаби 1 ба 2 август дар ноҳияи Мақтаарал низои байниқавмӣ нест" ва хулосаи ниҳоии муфаттишон низ ба зудӣ эълон хоҳад шуд.
Дар ноҳияи Мақтаарали Қазоқистон овозаҳо дар бораи таҷовузи ҷинсии духтари 7-солаи қазоқ аз тарафи як ҷавони тоҷиктабор сабаби муноқиша ва оташ задани хонаҳо шуд. Уласбек Содиқов гуфт, табибон духтари ҳафтсоларо ташхис кардаанд ва бино ба таҳқиқоти ибтидоӣ "факти зӯроварӣ нисбат ба ин духтар тасдиқ нашуд". Вай афзуд, "тафтишот идома дорад ва волидони духтару писар ба якдигар даст дода ва ба ин баҳс хотима додаанд."
Наздикони ин духтари ҳафтсола агарчӣ вазъи саломати ӯро хуб арзёбӣ мекунанд, вале мегӯянд, ки мавзӯъ ҳанӯз пӯшида нашудааст ва сарусадо дар бораи гӯё пул гирифтану ҳамин тавр аз идомаи баҳс даст кашиданашон низ ҳақиқат надорад. Аммо онҳо даст доштанашон дар ҳамлаи гуруҳи ҷавонон ба хонаву дари сокинони тоҷики ин минтақаро рад карданд. Дар хонаводаи писари тоҷик касе ҳозир нашуд, ки дар бораи ин баҳс бо хабарнигори Озодӣ суҳбат кунад.
Гузориш аз вазъи сокинони минтақаи тоҷикнишини Қазоқистон. Видео бо забони русӣ аст:
Мақомоти интизомӣ мегӯянд, дар пайи ин ҳодиса беш аз 30 нафар боздошт шуда, бархеи онҳо баъд аз бозпурсӣ раҳо шудаанд. Онҳо мегӯянд, ҳоло гумонбарони ташкили ин ҳамла дар боздошт ба сар мебаранд ва 500 сарбозу пулис вазъро таҳти назорат доранд.
Бо ин ҳол сокинони тоҷики рустоҳои Дихан, Сайфуллино ва ҷамоати Ералиеви ноҳияи Мақтаарал мегӯянд, ҳанӯз тарс аз вуҷудашон дур нашудааст. Махсусан ки, ба гуфтаи Малика, як сокини Дихан, ҳоло аксари аҳолӣ дар майдонҳои кишт машғули кор ҳастанду шабона дар онҷо хоб мераванд. Ӯ гуфт, "агар шаб ҳамла кунанд чӣ? Бо кӯдакон чӣ кор мекунем? Барои ҳамин маҷбур ҳастем, ки рӯз ба саҳро баромада кор кунему шаб боз ба хонаҳоямон баргардем. Корамон мушкил шуд."
Сокинони тоҷики ноҳияи Мақтаарали Қазоқистони Ҷанубӣ аз мақомоти ин кишвар тақозо доранд, ки ҳарчӣ зудтар гумонбарони ҳамларо боздошт ва муҷозот кунанд. Онҳо мегӯянд, як гуруҳ аз ҷавонони ин минтақа баъди овозаҳо дар бораи гӯё таҷовузи ҷинсии як духтари ҳафтсолаи қазоқ аз сӯи як ҷавони тоҷик ба манзили онҳо ҳуҷум карда, хонаву дар ва мошинҳояшонро оташ задаанд.
Яке аз сокинони ин минтақа дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, чанд сол боз дар Қазоқистон ба сар бурда, бо касе даст ба гиребон нашудаанд ва ин ҳамла барояшон ногаҳонӣ буд. “Бигзор гунаҳкоронро ҷазо диҳанд. Дар инҷо бо қазоқҳо якҷоя зиндагӣ мекунам ва аслан бо касе кор надорем,” – афзуд ӯ.
Лайло Орзумуродова ҳам аз онҳо рӯзҳо хотираи хуб надорад. Ӯ мегӯяд, ҳамон шаб маҷбур шуданд, ки ҳамроҳи келину набераҳо манзили худро тарк карда, ба назди хешу ақрабояшон бираванд. “Ман соҳиби нуҳ фарзанд ҳастам. Тамоми тобистон дар замин кор карда ва бо ҳосили гирифтаамон зимистони худро мегузаронем. Дигар кор надорем. Онҳо соати 2:47-и шаб ҳамла карданд. Садои доду фарёд шунида шуд ва ман ба келинам гуфтам, ки набераҳоро ба берун барорад. Онҳо хонаву мошини моро оташ заданд.”
Мақсуд Туйғунов, сокини дигари деҳаи Дихани Мақтаарал мегӯяд, вай аз ҳамоиши гуруҳи ҷавонон огоҳ шуда ва мақомоти ноҳияро дар ҷараён гузошта буд, аммо зоҳиран касе ба ин масъала ҷиддӣ муносибат накардааст. Сокинони деҳаи Дихан аз он нигаронанд, ки ин ҳодиса метавонад дубора такрор шавад ва барои ҳамин аз мақомот талаб кардаанд, ки таъмини амнияти онҳоро бар уҳда гиранд. Кормандони пулис, ки хонаи сӯхтаи Маҳмудҷон Орзумуродовро ба навор гирифтаанд, гуфтанд, ки рустои Дихан ва деҳаҳои атрофаш таҳти назорат аст.
Сокинони Дихан мегӯянд, тоҷикон ба ин деҳа ва рустои Сайфуллино дар солҳои 60-уми асри гузашта аз вилояти Сирдарёи Узбакистон бурда шудаанд. Онҳо асосан ба корҳои кишоварзӣ, аз ҷумла парвариши меваву сабзиҷот машғуланд. Мақомоти пулис мегӯяд, ки ҳоло вазъ дар ин минтақа ором шудааст. Хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ мегӯяд, ба деҳаи Сайфулинно, ки баҳси таҷовуз ба номуси як ноболиғи қазоқ аз сӯи ҷавони тоҷик аз онҷо бархоста буд, техникаҳои низомӣ сафарбар шуда, бегонаҳоро ба онҷо роҳ намедиҳанд.
Дар Қазоқистон беш аз 50 ҳазор тоҷик ба сар мебаранд, ки бахши аъзами онҳо муқими вилоятҳои ҷанубиянд. Моҷаро миёни сокинони маҳаллӣ ва тоҷикҳо хеле кам рӯй медиҳад. Бори ахир ин гуна моҷаро соли гузашта дар ноҳияи Сариоғош рӯй дода, бо марги як нафар анҷом ёфта буд.