Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон донишманди ҳастаиро эъдом карданд


Шаҳром Амирӣ ҳангоми бозгашт ба Эрон
Шаҳром Амирӣ ҳангоми бозгашт ба Эрон

Мақомоти Эрон Шаҳром Амирӣ-донишманди ҳастаиро эъдом каарданд. Вай соли 2009 ба Амрико рафта буд ва пас аз як сол ба Эрон баргашт.

Дар ин бора хонаводаи вай ба рӯзноманигори Би Би Си ҳикоят кардааст. Бино ба суханони модари Амирӣ, ҷасади писарашро бо изи ресмон дар гарданаш ба вай додаанд.

Шаҳром Амирӣ соли 2009 дар ҷараёни адои маросими ҳаҷ дар Макка бедарак шуд. Баъд аз як сол вай дар Амрико пайдо шуд. Вай худаш эътироф кард, ки вайро кормандони хадамоти Амрико рабудаанд ва аз вай дар бораи барномаҳои ҳастаии Эрон маълумот талаб кардаанд.

Аммо хадамоти кашфи Эрон таъйид мекунанд, ки Амирӣ бо Амрико бо ихтиёри худ ҳамкорӣ кардааст. Билофосила баъд аз бедарак шудани Амирӣ дар матбуот дар бораи ғанисозии уран дар корхонаи ҳастаии Эрон маълумот ба нашр расид.

Худи ҳамон сол Амирӣ ба Эрон баргашт ва аз вай чун қаҳрамон истиқбол карданд. Дар соли 2011 Амириро барои хиёнат ба ватан маҳкум карданд.

Соли гузашта падари вай гуфт, ки аз амнияти писараш нигарон аст. Ба гуфтаи падараш, то ҳамон вақт, яъне беш аз як сол касеро ба дидор бо Шаҳром Амирӣ иҷоза намедоданд.

XS
SM
MD
LG