Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи Назарбоев дар бораи поккорӣ дар мактабҳои Гулен


Назарбоев бо Эрдуғон, ҳангоми боздид аз Анкара
Назарбоев бо Эрдуғон, ҳангоми боздид аз Анкара

Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон эълон кард, ки агар “робитаи террористӣ”-и касе бо рӯҳониитурки муқими Амрико дар талоши кудетои низомӣ дар мактабҳои Қазоқистон собит шавад, онҳоро пас ба Туркия хоҳад фиристод.

Раҷаб Тайип Эрдуғон-раиси ҷумҳури Туркия рӯҳонӣ Фатҳулло Гуленро, ки ҳоло дар аёлати Пенсилванияи Амрико ба сар мебарад ва муолиҷа мегирад, дар созмон додани кудетои нофарҷоми низомии 15 июл муттаҳам медонад.

Эрдуғон аз Қазоқистон хостааст, ки пайравони Гуленро аз 33 мактаби вай дар Қазоқистон пок кунад. Назарбоев дар посух гуфт: “Агар касе дар миёни онҳо бо терроризм иртибот дошта бошад, мо ба дархости Туркия ҷавоб хоҳем дод”.

Назарбоев ин нуктаро дар нишасти хабарии муштарак бо Эрдуғон 5 август дар поёни боздиди давлатии худ дар Анкара изҳор дошт. Вале Назарбоев дар бораи бастани мактабҳои Гулен дар Қазоқистон чизе нагуфт, он гуна ки Эрдуғон мехоҳад.

Назарбоев танҳо ин нуктаро ёдовар шуд, ки ҳоло ин мактабҳо дар Қазоқистон “зери контроли давлат аст” ва 90 дарсади омӯзгорони онҳо ҳам қазоқҳои ҳастанд, на шаҳрвандони Туркия. Вай афзуд: “Мо намехоҳем, ки касе бар зидди Туркия фаъолият кунад, ин ба манфиати мо нест. Агар касе аз омӯзгорон иртиботе дошта бошад, мо онҳоро пас мефиристем ва аз ҳукумати Туркия мехоҳем, ки ба мо омӯзгорони дигарро диҳанд”.

XS
SM
MD
LG