Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА мавзеъҳои ДИ-ро дар Либия бомбаборон кард


ИМА бо дархости ҳукумати Либия ва ҳимояти СММ мавзеъҳои созмони террористии "Давлати исломӣ" (ДИ)-ро дар ин кишвар бомбаборон кардааст.

Ҳукумати Либия барои озод кардани шаҳри Сирт аз ҷангиён ба ИМА муроҷиат кардааст. "Зарбаҳои нахустин ба мавзеъҳои муайян дар шаҳри Сирт зада шуд, ки дар натиҷа душман талафоти бузург дид", - гуфтааст сарвазир Фоиз Сароҷ дар суҳбат бо телевизиони давлатии кишвараш.

Кохи сафед мегӯяд, Барак Обама, президенти ИМА зарбаҳои ҳавоиро ҳимоят кардааст. Обама ин тасмимро бо тавсияи Эштон Картер, вазири дифоъ ва Ҷозеф Данфорд, раиси Кумитаи роҳбарони ситоди нерӯҳои низомии ИМА гирифтааст. Дар ҳамин ҳол, Питер Кук, намояндаи Пентагон гуфтааст, зарбаҳои ҳавоӣ ҳанӯз анҷом наёфтааст.

Шаҳри Сиртро, ки дар соҳили баҳри Миёназамин ҷойгир аст, ҷангиёни ДИ соли гузашта ғасб намуда, ба яке аз пойгоҳҳои асосияшон дар хориҷ аз Сурия ва Ироқ табдил додаанд.

XS
SM
MD
LG