Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 16 тан дар суқути кӯраи ҳавоӣ


Бар асари дар як саҳро дар канори шаҳри Локҳарти аёлати Тексаси Амрико суқут кардани кӯраи ҳавоӣ дастикам 16 нафар ҳалок шудаанд. Идораи федеролии ҳавопаймоӣ гуфт, ин кӯра қабл аз суқут оташ гирифтааст. Телевизиони маҳаллӣ аз қавли идораи шерифи минтақаи Колдвелл хабар дод, ки касе зинда намондааст. Волии Тексас Грег Абботт ба наздикони қурбониён изҳори таслият кард. Сухангӯи Шӯрои миллии амнияти нақлиёт гуфт, қарор аст, ҳайъати ин идора барои таҳқиқ ба маҳалли ҳодиса фиристода шавад.

XS
SM
MD
LG