Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поккории артиш ҳамкориҳои низомиро заиф кардааст


Поккрории артиши Туркия баъд аз кудетои нофарҷоми низомӣ дар ин кишвар ҳамкорӣ бо низомиёни Амрико ва амалиёти кашф бар зидди гурӯҳҳои тундрави Давлати Исломиро заиф сохтааст.

Ҷеймс Клаппер-раиси Кашфи миллии Амрико ва Ҷозеф Вотел-раиси фармондеҳии марказии Амрико дар ҳамоиши амниятии Аспен дар Колорадо гуфтанд, поккории артиши Туркия бисёре аз афсарони Туркияро, ки бо Амрико барои мубориза бар зидди тундравҳои Давлати Исломӣ ҳамкорӣ доштанд, барканор кардааст.

Баъзе аз ин афсарон ҳатто зиндонӣ шудаанд. Бештар аз 1 700 низомӣ ба эҳтимоли ҳамдастӣ дар талоши кудетои низомии 16 июл дар Туркия боздошт шудаанд. Ба ин гурӯҳ тақрибан 40 дарсади адмиралҳо ва генералҳо дохил мешаванд.

XS
SM
MD
LG