Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отамбоев барои барандагони олимпиада ҷоиза эълон кард


 Алмазбек Атамбоев
Алмазбек Атамбоев

Алмосбек Отамбоев-раиси ҷумҳури Қирғизистон гуфтааст, ҳар варзишгаре, ки дар бозиҳои олимпии Рио-де-Женейро медали тилло ба даст орад, 104 ҳазор доллар ҷоиза хоҳад гирифт.

Вай ин нуктаро дар Бишкек дар мулоқот бо ширкаткунандагони бозиҳои олимпии кишвараш изҳор дошт. Аз Қирғизистон 19 нафар дар ин бозиҳо ширкат хоҳанд ҷуст. Аз Тоҷикистон ба ин бозиҳо 7 нафармераванд.

Атамбоев гуфтааст, ки барандаи медали нуқра 74 ҳазор доллар ва барандаи медали биринҷӣ 52 ҳазор доллар ҷоиза мегирад.

Вай гуфт, “муҳим нест, ки кишвар бузург ё хурд бошад. Масалан, кишвари Исландия бо 300 ҳазор нафар аҳолии худ дар бозиҳои қаҳрамонии Аврупо ба дастаи Англия пируз шуд”.

XS
SM
MD
LG