Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси ҷавоне, ки ҳамлагарони Оқтеппаро пинҳон кардааст


Додгоҳи № 2-и Оқтеппаи Қазоқистон Мирлан Ердауов, сокини 22-солаи маҳаллиро, ки дар пинҳон кардани се гумонбари ҳамлаҳои террористии 5 июни ин вилоят айбдор аст, барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ маҳкум кард.

Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс-Казахстан" иттилоъ додааст. Бар пояи фарзияи муфаттишон, баъди ҳамлаҳои мусаллаҳонаи хунини 5 июн гумонбарон Дмитрий Танатаров, Арман Айтуган ва Нурлан Сеилов дар манзиле пинҳон шудаанд, ки дӯсташон Мирлан Ердауов 7 июн дар Оқтеппа барои онҳо иҷора гирифта буд.

Тафтишот мегӯяд, Ердауов ҳарчанд аз амалиёти террористии гумонбарон огоҳ буд, вале дидаву дониста дар пинҳон шуданашон мусоидат кардааст. Ҳоло Ердауовро барои пинҳон кардани ҷиноят аз ҷарима дар ҳаҷми бузург то 6 соли зиндон таҳдид мекунад.

5 июли соли равон як гуруҳи мусаллаҳ ба фурушгоҳҳои силоҳу қисми низомии Оқтеппа ҳамла карданд, ки дар натиҷа 7 нафар, се низомию чаҳор сокини осоишта ба ҳалокат расид. Дар пайи амалиёти зиддитеррористӣ 18 гумонбари мусаллаҳ кушта ва 9 тани дигар боздошт гардиданд. Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ҳамлагарон узви гуруҳи ифротгарои динии ғайрисуннатиянд.

XS
SM
MD
LG