Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДОИШ масъулияти таркишҳои Кобулро бар душ гирифт


Гурӯҳи тундрави Давлати Исломӣ эълон кард, ки масъулияти ҳамлаи маргталабона дар Кобулро бар душ мегирад. Дар натиҷаи ду таркиш, ки дар ҷараёни тазоҳуроти ақалиятҳои ҳазора рух дод, 61 нафар ба ҳалокат расидаанд ва 207 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Дар ин бора вазорати тандурустии Афғонистон хабар додааст.

Хабаргузории Абмоқи тундравҳои Давлати Исломӣ гузориш додааст, ки ду нафар аъзои гурӯҳи онҳо камарбандҳои таркандаи худро дар миёни тазоҳуркунандагон таркондаанд.

Ин таркишҳо дар ҳоле рух додаанд, ки ҳазорон нафар ақалиятҳои ҳазораи Афғонистон 23 июл дар Кобул ба тазоҳурот баромаданд ва талаб мекунанд, ки самти шабакаи интиқоли барқ тағир дода шавад. Эҳдоси ин шабака миллионҳо доллар арзиш дорад.

Эътирозгарон мегӯянд, ки хати 500 киловатаи интиқоли барқи Туркманистон-Кобул тавассути вилояти марказии Бомиён гузарад. Дар ин вилоят шумораи зиёди аҳолии ҳазора зиндагӣ мекунанд.

Ҳукумат мегӯяд, ки чунин кор миллионҳо доллар арзиш дорад ва эҳдоси шабакаро солҳо ба таъхир меандозад.

XS
SM
MD
LG