Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Русия ба Тоҷикистон 436 тобут овардаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Танҳо дар 6 моҳи аввали соли равон аз Русия тобути 436 ҷасади зодаи Тоҷикистонро овардаанд. Дар ин бора рӯзи 21 июл вазири шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон Сумангул Тағойзода хабар додааст. Ба иттилои ӯ, дар байни онҳо, ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам дигар кишварҳо ҳастанд, ки дар Русия ба ҳалокат расидаанд.

Ҳар сол дар Русия, бино ба ҳисобҳо, беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба иллатҳои мухталиф, ба мисли фалокат дар ҷои кор, маризӣ, садамаҳои нақлиётӣ ва қисме бо марги иҷборӣ, аз ҷумла аз дасти гурӯҳҳои раҳзан ё қавмгаро вафот мекунанд. Яъне ба ҳисоби миёна, ҳар рӯз – се муҳоҷири тоҷик дар Русия аз олам чашм мепӯшанд. Сумангул Тағойзода гуфт, имсол аз Тоҷикистон барои муҳоҷирати корӣ ба Русия 308 ҳазор нафар рафтаанд. Вале мақомоти Русия шумори муҳоҷирони кории тоҷикро дар ин кишвар беш аз 870 ҳазор нафар баровард мекунанд.

XS
SM
MD
LG