Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лориҷонӣ Амрикоро айбдор кард


Алӣ Лориҷонӣ
Алӣ Лориҷонӣ

Раиси парлумони Эрон мақомоти Амрикоро дар иҷро накардани муомилаи як сол пеш бадастомада дар бораи барномаҳои ҳастаии Эрон ва ба сӯи “ихтилофот” тела додани Теҳрону Вошингтон айбдор кард. Алӣ Лориҷонӣ аз ҷиноҳи тундрав, ки соли гузашта барои тасвиби ин муомилаи таърихӣ миёни Эрону 6 қудрати ҷаҳонӣ дар Маҷлиси Эрон кумак карда буд, рӯзи 20 июл дар парлумон гуфт, мақомоти Амрико дар роҳи вуруди дубораи Эрон ба иқтисоди ҷаҳонӣ мониаҳо эҷод мекунанд. Ӯ гуфт, маҷлиси Эрон маъмурият ва ҳарду маҷлиси Конгресси Амрикоро ҳушдор медиҳад, ки ба ҳам задани муомилаи ҳастаӣ “барои Эрон роҳе ба ҷуз аз мухолифат боқӣ намегузорад.” Лориҷонӣ иддао кард, ки аз замони ба даст омадани муомилаи ҳастаӣ Конгресси Амрико 52 қонун ва таҳрими марбут ба Эронро қабул кардааст.

XS
SM
MD
LG