Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи 120 муҳоҷир аз як вилояти Астрахан


Хадамоти приставҳои вилояти Астрахани Русия мегӯяд, дар 6 моҳи аввали сол 120 муҳоҷири ғайриқонуниро аз қаламрави Русия берун кардааст. Аз ин шумор 76 нафар муҳоҷирон аз Узбакистон, 18 тан аз Тоҷикистон, 11 нафар аз Озарбойҷон будаанд. Хадамоти приставҳои Астрахан мегӯяд, дар ҳоли ҳозир, асноди 40 муҳоҷири дигари ғайриқонуниро барои ихроҷ аз Русия омода кардаанд. Онҳо низ аксаран аз Узбакистону Тоҷикистон будаанд. Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, шумори шаҳрвандони тоҷике, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаанд, ба 330 ҳазор нафар расидааст.

XS
SM
MD
LG