Пайвандҳои дастрасӣ

Ваъдаи 2 миллиард доллар кумак ба Ироқ


Беҷошудаҳои Ироқ

Амрико, СММ ва донорҳои дигар гуфтанд, ки онҳо қасд доранд, дар ин ҳафта дар як анҷуман дар Вошингтон барои Ироқи ҷангзада беш аз 2 миллиард доллар ҷамъ биоранд. Нишасти донорҳои Ироқ бо ширкати 24 кишварро, ки ҷаласаи асосиаш рӯзи 20 июл доир мешавад, Амрикову Канада, Олмон, Ҷопон, Кувайт ва Ҳолланд мизбонӣ мекунанд. Чунин як нишаст дар масъалаи маъракаи таҳти раҳбарии Амрико алайҳи созмони тундрави “Давлати исломӣ” дар Ироқ бо ширкати аъзои эътилоф рӯзи 21 июл доир мешавад. Ҷангҳо дар Ироқ боиси беҷо шудани 3,3 миллион нафар шуда, ин кишварро дар рӯбарӯи як бӯҳрони башарӣ қарор додааст. Вазири хориҷаи Олмон Франк Валтер Штейнмейер қабл аз анҷумани Вошингтон гуфт, “мо набояд ҳоло фурсатро дар амри талошҳои мо барои ба субот овардани Ироқ аз даст бидиҳем.”

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG