Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди низомиён дар назди идораи полиси Эребунӣ афзоиш ёфт


Полиси Арманистон 19 июл теъдоди бузурги низомиёнро дар канори идораи полиси аз сӯи гурӯҳи тундрави мухолифин ишғолшуда дар шаҳри Ереван мустақар кард. Дар идораи полиси ноҳияи Эребунӣ аъзои мусаллаҳи гурӯҳи “Маҷлиси муассисон” аз 17 июл ба ин сӯ чанд касро гаравгон гирифта, раҳоии яке аз раҳбарони худ Жирайр Сефилян аз маҳбас ва истеъфои раисиҷумҳури Арманистон Серж Саргсянро талаб доранд.

Теъдоди низомиёну кормандони полис дар канори идораи полис баъди он афзоиш дода шуд, ки садҳо ҷонибдорони мухолифин шоми 18 июл дар майдони Озодии пойтахти Арманистон ҷамъ омада, талоши сӯи идораи полиси тасарруфшуда роҳ гирифтанд ва аммо аз сӯи полис нигаҳ дошта шуданд.

Ҳамла ба идораи полис субҳи рӯзи якшанбе, 17 июл ба вуқӯъ пайваст. Тақрибан 30 нафари мусаллаҳ аз гурӯҳи тундрави мухолифи давлат бо мошини боркаш дарвозаи идораи полисро шикаста вориди бино шуданд. Дар ин ҳамла полковник Артур Ваноян кушта шуда, шаш афсару корманди қатории полис маҷрӯҳ шудаанд.

Ҳунан Погосян, муовини раиси идораи полиси Арманистон рӯзи 17 июл ба хабарнигорон гуфт, мақомоти амниятӣ мехоҳанд ҳамлагаронро барои лағви талаби раҳоии Жирайр Сефилян мутмаин созанд. Мақомот Сефилянро дар ғайриқонунӣ нигаҳ доштани силоҳ айбдор мехонанд. Ба иттилои расмӣ, ӯ ва шаш нафари дигар рӯзи 20 июн ҳангоми харидани миқдори бузурги силоҳ барои гурӯҳи мусаллаҳ ба хотири ғасби биноҳои ҳукуматӣ дар шаҳри Ереван дастгир шуданд. Аммо "Маҷлиси муассисон" мегӯяд, ки боздошти Жирайр Сефилян ангезаи сиёсӣ дорад.

XS
SM
MD
LG